Нигоҳи чашму дил

Ба хотири он, ки наслҳои оянда аз корномаи бобоён ва падарони шуҷои худ ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол огоҳ бошанд, асарҳои арзанда ва мондагор бояд офарид. Дар ин ҷода бояд ҳам адибон, ҳам ходимони кино ва театр, ҳам рассомону оҳангсозон фаъолона саҳм гиранд. Ин қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва рисолати эҷодии онҳост”. Баъд аз ин вохӯрӣ аксари эҷодкорон баҳри татбиқи ҳидоятҳои Сарвари давлат ва ҷолибу муассир намудани асарҳои таълифнамудаи худ ба мавзеъҳои сохтмонӣ сафар намуда, дидаву шунида ва омӯхтаашонро инъикос менамоянд. Омилҳои ба вуҷуд омадани ғояи муайян, аз ҷумла инъикоси ҳамаҷонибаи раванди корҳои сохтмонӣ, таҳлилу арзёбии масъалаҳои мухталифи замон аз чигунагии вазъи сиёсиву маънавии ҷомеа ба вуҷуд омада, минбаъд бо таъсиргузориҳои соҳаҳои алоҳида, бахусус публитсистика, шакл мегирад. Ба таъбири муҳаққиқ Мурод Муродӣ, “инсоният ғояҳои эҷодии худро ба воқеият табдил дода, талаботашро қонеъ мегардонад. Ғояи эҷодӣ дар натиҷаи мушоҳида ва маърифати рухдоди мушаххас ҳосил мешавад”.
Публитсистика чун дигар соҳаҳои эҷод дар инъикос ва баррасии масъалаҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавӣ нақши хосса дорад. Муҳаққиқони соҳа таъсирпазирии осори публитсистиро ба руҳия ва зеҳни мардуми ҷомеа муҳимму арзишманд арзёбӣ мекунанд. “Дар бораи публитсистика сухан ронда, онро ба ҳисоб гирифтан даркор аст, ки яке аз унсурҳои муайякунандаи оҳанги публитсистӣ ғояи асар аст. Ғоя ин ҳадафи навиштани асар аст. Иртиботи он ба публитсистика ғояро равшантар мекунад”. Аз ин рӯ, маҳз осори публитсистӣ ба ҳайси унсури маърифатсозу таҳрикдиҳанда барои вусъату раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳалли мушкилоту муаммо ва шинохту маърифати масъалаҳои мухталиф ба хонанда ёрии амалӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё