Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунончи:
Доғи ғамат ба оби ғазал ҳам намеравад, Ин барф з-офтоби ҳамал ҳам намеравад…
Дар бӯсаат чӣ буд, ки аз ёд лаззаташ Бо хӯрдани наботу асал ҳам намеравад?».
Аслан, Озар шоирест, ки суханро ба дарозӣ намебарад, мисли баъзе шоироне, ки қофиябозӣ карда, шумораи абёташонро афзун мекунанд, лекин дар навиштаҳояшон ҷавҳари асосии маънӣ дида намешавад, майл ба тулонӣ кардани шеъри худ надорад. Ӯ кӯшиш менамояд, ки дар суханони кӯтоҳи худ мазмунҳои хеле зиёд зебову навро ба рӯи саҳфаи сафед биёрад, ки ин нишон аз ҳунари шоирии ӯ мебошад.

пешина
аз 194
навбатӣ