Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғаффоралӣ Сафар дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа фаъолият намудааст, ки онҳоро шартан ба чор гурўҳ ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Фаъолияти омўзгорӣ. Дилбастагӣ ба касби омўзгорӣ дар замири устод Ғаффоралӣ Сафар ирсӣ буданд. Модари ў ба ҳайси омўзгор фаъолияти зиёд намудааст. Ғаффоралӣ Сафар солҳои тулонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ноҳияи Ҳамадонӣ ва Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ба хонандагону донишҷўён дарс гуфтааст.
    Ҳамин ишқи омўзгорӣ буд, ки то охири ҳаёт аз ин пеша даст накашид. То ҳол ҳамкасбону шогирдони устод бо эҳсоси баланд аз фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотии ў сухан мегўянд. Устоди зиндаёд ба касб ва пешаи омўзгорӣ садоқат дошт ва дар ҳар вазифае кор мекарданд, таъкидан арз медоштанд, ки “Ман пеш аз ҳама омўзгор ҳастам”. Ин андешаҳо гувоҳи онанд, ки ў то чӣ андоза ба касбу пешаи омўзгорӣ меҳр дошт.
  2. Фаъолияти журналистӣ. Ғаффоралӣ Сафар дар давраи наврасӣ ва ҷавонӣ ба журналистика, хусусан ба навиштани хабару гузориш ва мақолаву лавҳа таваҷҷуҳ дошт. Меҳр ба ин соҳаи эҷод буд, ки баъди хатми донишгоҳ чанд муддат дар рўзномаи “Зафар”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолияти рўзноманигорӣ кардааст. Устод дар мақолаву нигоштаҳояш мушкилоту дастовардҳои кормандони бахшу соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияро баррасӣ намуда, ба ин васила дар ошкор намудани мушкилот ва ҳалли онҳо саҳмгузорӣ намудааст. Ҳамчунин мавсуф чанд муддат дар рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қўрғонтеппа” низ фаъолият доштааст.
  3. Фаъолияти адабӣ. Ғаффоралӣ Сафарро аксарият ҳамчун адиб ва шоири рангинхаёл мешиносанд. Дар шеъри ў эҳсоси баланди ватандўстӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ манзур мегардад. Ҳанўз аз овони мактабхонӣ шеърҳояш дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳурӣ чоп мешуданд, ки ин аз қобилияти баланди эҷодии адиб дарак медиҳанд.
пешина
аз 194
навбатӣ