Нигоҳи чашму дил

Дар ҳаҷвияҳои устод воқеият бештар аён аст, ки ин хусусият таваҷҷуҳи хонандаро бештар ҷалб мекунад. Омили асосии дилнишин гардидани навиштаҳои устод ҳам дар воқеияти иҷтимоӣ ва равонии услуби баён мебошад. Устод Ғаффоралӣ Сафар мушоҳидакору дақиқназар буданд ва ҳар ҳодисаву ҳолати дар атроф рухдодаро натанҳо мушоҳида, балки маърифат мекарданд ва мавқеи худро нисбати он баён менамуданд.
Хотираи қавӣ, истеъдоди баланди эҷодӣ, ҳозирҷавобӣ, мушоҳидакорӣ, донистани унсурҳои жанрсоз, роҳҳои муассиргардонии мавод ва ба завқи шунавандаву хонанда мувофиқ гардонидани ҳаҷвияҳо аз маҳорати баланди адабии нависанда дарак медиҳад. Адиб зарофатро дӯст медоштанд ва ҳар ҷое, ки ҳузур медоштанд, ҳамсуҳбатонаш аз нақлу гуфторҳояшон лаззати маънавӣ мегирифтанд. Банда низ борҳо шоҳиди он будам, ки дар маҳфилу нишасте, ки устод мебуданд, он ҷо ҳатман сухан аз лутфу мутоибот мерафт.
Мавзуи андӯхтани илму дониш дар гузашта, имрӯза ва оянда низ ҳамчун масъалаи меҳварӣ барои эҷодкорон буду ҳаст ва хоҳад монд. Адиби соҳибистеъдод ва ҳаҷвнависи муосири тоҷик, устод Ғаффоралӣ Сафар дар ин масъала таълифоти зиёде доранд, ки моҳияти онҳоро ошкор намудани мушкилоти раванди таълим, сатҳи пасти тарбия, ахлоқу ҷаҳонбинӣ, завқ надоштан ба мутолиаи китоб ва амсоли инҳо ифода мекунанд.
Устод ба мавзуи мазкур таваҷҷуҳ намуда, як силсила ҳаҷвияҳо дар қолаби жанри латифа эҷод намудааст, ки хонанда аз мутолиаи онҳо бардошти зиёди маънавӣ мекунад. Барои мисол, ба латифаи зерин, ки «Дар таътил» унвон дорад, муроҷиат менамоем:
“Алиҷон:
– Кай ту аз «2»-гирӣ халос мешавӣ?
Валиҷон:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё