Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дар вақти таътил”.
Ё дар ҷойи дигар нависанда гуфтугӯйи омӯзгору хонандаро меорад, ки аз моҳияти он низ бардошти хубе ҳосил мегардад.
Масалан, мундариҷаи ду латифаи зер баёни содалавҳӣ ва нодонии баъзе хонандагон аст, ки нависанда ин мазмунро лутфомезу бо зарофат нақл кардааст:
“Азбаски Шомил ҳисобро нодуруст ҳал кард, муаллим ба ӯ гуфт:
– Фарз кардем, ки дар дасти ҳамсинфат Қамар даҳ себ аст.
Нуҳто себи онро ту гирифта хӯрдӣ, натиҷааш чӣ мешавад?
– Беинсофӣ мешавад, – ҷавоб дод Шомил”.


“Муаллими химия:
– Тиллоро ба об партоем, чӣ мешавад?
Донишҷӯ:
– Беақлӣ”.
Вижагии ҳаҷвияҳои устод Ғаффоралӣ Сафар, пеш аз ҳама, дар он аст, ки онҳо ба тариқи диалог, воқеӣ, самимӣ, бо далелу бурҳони қотеъ ва хеле ихчам баён мешаванд, ки ин аносир ҳадафи асосиро ошкоро ва нишонрас ифода мекунад.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки пайваста дар ҳаҷвияҳои адибону публитсистон мавриди инъикосу баррасӣ қарор мегирад, муносибати роҳбарону масъулон ба корафтодагону зердастон мебошад. Ҳарчанд роҷеъ ба муомилаи нодурусти роҳбарон ҳаҷвиявҳои зиёде навишта шуда бошанд ҳам, мухотабон аз он хулосаи зарурӣ набардошта, дар ҳалли мушкилоти мардум таваҷҷуҳи кам зоҳир мекунанд. Ин масъаларо устод Ғаффоралӣ Сафар бисёр дақиқкорона мушоҳида намуда, чунин латифаҳои дилнишин эҷод намудааст, ки он “Дар қабулгоҳ” унвон дорад:
“- Ҳоло сабр кун, ба сархорӣ вақт надорам, – гуфт ба марди корафтода сардор.

пешина
аз 194
навбатӣ