Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳангоме ки дар паҳлуи Президенти Русияи бузург Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Майдони Сурх қадамҳои устувор мегузошт ашки чашмонро намешуд пинҳон дошт. Ин бор гулчанбари бар пояи мақбараи Аскари Гумном гузошта якто набуд, ду адад буд. Яке бо намунаи парчами Русия ва дигаре бо намунаи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон оро ёфта буданд. Дар баробари пахши Суруди миллии Русия, Суруди миллии Тоҷикистон дар фазои Майдони Сурх ва мақбараи Аскари Гумном танинандоз гашт.
Дар тамоми замони давлатдории тоҷикон шарафи дар маросими ҷашнгирии Иди Ғалаба дар пойтахти кишваре, ки марзҳояш фарогири шашяки рӯи Замин мебошад, нахустин бор рух дода буд. Ва умуман аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон нахустин кишварест, ки Сарвараш дар паҳлӯи Сарвари Русия ҳампаҳлӯ аз Майдони Сурх ботантана гузар кардааст. Инро соддаву осон набояд дид. Русия на ба сарвари ҳар як кишвар чунин арҷу эҳтиром мегузорад, бигзор бо он давлат муносибатҳои ҳамкорӣ дошта бошад ҳам. Равшан аст, ки Владимир Путин дар симои Эмомалӣ Раҳмон марди кору сухан, шахсияти дорои ҷавонмардиву иродатмандӣ, паймоншиносиву хирадмандӣ, ҷасорату қадршиносӣ ва дигар арзишҳои як давлатмарди ҳозиразамонро ба хубӣ дарёфтааст”.
Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки имрӯз ҷаҳон аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва сиёсати ваҳдатсози бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси хештаншиносӣ мегиранд, ки ин барои ҳар фарди худшиносу худогоҳи кишварамон мояи ифтихору сарафрозӣ мебошад. Сиёсати дарҳои кушод ва созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳоло беш аз 190 давлати ҷаҳон кишвари моро ба расмият мешиносанду дар бахшу соҳаҳои алоҳида ҳамкориҳои судбахш доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Уфуқҳои Истиқлол” ба сиёсати хориҷӣ, ки яке аз бахшҳои асосии рушди кишварамон ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳ намуда зикр кардаанд, ки: “Барқарор намудани равобити хориҷӣ ва шиносонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол, мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ва сиёсати хориҷӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ буд”.

пешина
аз 194
навбатӣ