Нигоҳи чашму дил

Ҳаҷви устод Ғаффоралӣ Сафар омӯзандаву созанда аст. Ин ҳаҷву мутоибот ба ҳама кас писанд буда, ҳадафи асосӣ тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеа мебошад. Нависанда бо навиштаҳои ҳаҷвияҳо, ки онҳо гоҳ нимшӯхиву нимҷиддӣ баён шудаанд, инсонҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад ва ба шинохти неку бад ёрӣ мерасонад.
Бовар дорем, ки имрӯз ва оянда ҳунари эҷодии устод Ғаффоралӣ Сафар дар ин бахши эҷод, яъне навиштани шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ пурра мавриди таҳқиқи илмӣ қарор гирифта, ба он баҳои арзанда дода мешавад.
ОСОРИ ПУБЛИТСИСТИИ ЗАФАР МИРЗОЁН – МАНБАИ
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ
Олимону донишмандон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва адибону эҷодкорон пайваста дар нигоштаҳои худ ба роҳҳои баланд бардоштани масъулиятшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ роҳу усулҳои гуногунро пешниҳод намудаанд.
Зафар Мирзоён ҳамчун донишманди пуркор, публитсисти воқеънигор ва рӯзноманигори варзида дар таълифоти худ ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мароқ зоҳир карда, миёни аҳли илму эҷод чун вассофи Ватан, муҳофизи дастовардҳои Истиқлол ва тараннумгари ормонҳои миллӣ пазируфта шудааст.
Навиштаҳои илмӣ, публитсистӣ ва журналистии мавсуф дар шакли китобу рисола, маҷмуаҳои алоҳида ва саҳифаҳои матбуоти даврӣ пайваста рӯйи нашр мерасиданд, ки дарунмояи онҳоро эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносӣ фаро мегиранд.
Ҳамчунин устод дар навиштаҳои худ аҳаммияти татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишварамонро низ арзёбӣ намудаанд. Дар яке аз нигоштаҳои устод Зафар Мирзоён зери унвони “Аз Ватани азизамон, аз давлатдории оқилона, аз Пешвои хирадмандамон ифтихор дорем!”, ки дар моҳи майи соли 2021 дар нашрияи “Ҷумҳурият” интишор шудааст, ватандӯстиву ифтихормандии ӯ чун фарди хушбахти кишвар бештар падидор гардидааст.
Қайд намудан зарур аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат пой гузоштан ба таҳкими робитаву дӯстии кишвару созмонҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таваҷҷуҳ намуда, дар ин самт иқдому ташаббусҳои созандаро рӯйи кор гирифтанд, ки ин ҳадафҳо натиҷаҳои назаррасе ба бор оварданд.
Муаллиф дар ин мақола бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихор навиштааст: “Рӯзи 9-уми майи соли 2021, бо тамошои паради Ғалаба дар Майдони Сурхи Москва аз Ватанамон - Тоҷикистони азиз, аз Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дилҳо саршори ифтихор гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё