Нигоҳи чашму дил

Қайд намудан зарур аст, ки таҳқиқи осори эҷодии адибону публитсистони маҳаллӣ низ диққати пажӯҳишгарони ватаниро ҷалб намуда, дар ин самт таҳқиқоти зиёде ба вуҷуд омадааст.
Ҷамолиддин Сайфиддин аз зумраи рӯзноманигорони ботаҷриба ва публитсисти воқеънигор буда, дорои сабку услуби хоссае мебошад. Номбурда бо имзои мустаор низ навиштаҳои худро ба чоп мерасонад. Мавсуф аслан дар қолаби жанрҳои лавҳаю очерк ва қиссаҳои публитсистӣ маҳорати баланди эҷодӣ дошта, дар навиштаҳояш симои инсонҳои бунёдкору созанда ва ватандӯсту хештаншинос таҷассум ёфтаанд. Қаҳрамонҳои навиштаҳои Ҷамолиддин Сайфиддин инсонҳои меҳнатдӯсту масъулиятшинос ва дорои қобилияту дониши баланди касбӣ мебошанд. Ба қавли муҳаққиқ Азимов А. “Публитсист ҳамеша ба мавзуъҳои ҳозиразамон рӯ меорад. Аввал воқеа ва рӯйдодҳоро меомӯзад ва пас онро рӯйи қоғаз меорад. Қаҳрамонаш дар ҳама соҳа зарбдорона кору фаъолият мекунад, дар назди ҷамъият масъулият дорад” [1, с. 110]. Ҷамолиддин Сайфиддин қаҳрамонҳои худро на дар асоси факту далелҳои аз сарчашмаҳои гуногун, ки тавассути ҳуҷҷату қайдҳо ба даст овардааст, тасвир мекунад, балки бо ӯ ва наздиконаш суҳбат гузаронида, фаъолияту муносибати масъулиятшиносиашро дар иҷрои уҳдадорияш ба мушоҳида мегирад. Чунин усул ба муассирии нигоштаҳои ӯ мусоидат намуда, симои ботинии қаҳрамонро боз ҳам барои хонанда беҳтар нишон медиҳад.
Публитсистикаи Ҷамолиддин Сайфиддин гуногунмавзуъ ва гуногунжанр буда, вижагиҳои хоссае дорад. Қаҳрамонҳои осори публитсистии мавсуф дорои донишу ҷаҳонбинӣ, касбу шуғл, истеъдоду фитрати баланд мебошанд. Яке аз лавҳаҳои чеҳравии публитсисти мазкур “Парчамбардоре аз Хуросон” унвон дошта, фаъолияти самаровару талошҳои Муҳаббат ном занеро фаро мегирад. Замони фаъолияти меҳнатии Муҳаббат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ӯ бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои хастагинопазир ҷиҳати таъмини суботи сиёсии кишвар ва ёрӣ ба мардуми азияткашида фаъолият намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё