Нигоҳи чашму дил

Муҳаббат Файзова дар ин давраи ҳассосу мураккаби таърихӣ ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Хуросон оид ба маънавиёт фаъолият менамуд. Дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои хидматӣ пайваста бо аҳолии касбу кори гуногун ва шахсони гумроҳгашта, ки ба муқобили ҳамдигар истода меҷангиданд, суҳбатҳо менамуд. Онҳоро ба дӯстиву рафоқат, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ роҳнамоӣ менамуд. Чунин манзараҳои таъсирпазир ба ҳастиву равони хонанда дар лавҳа ба мушоҳида мерасанд, ки симои қаҳрамонро боз ҳам беҳтар инъикос мекунад. Публитсист Ҷамолиддин Сайфиддин зикр мекунад: “... Дар он вазъияти ҳассоси сиёсӣ ба ҳайси муовини раиси ноҳия оид ба тарғиботу ташвиқот фаъолият доштани ҷинси латиф натанҳо масъулияти сангин, балки таҳдид ба ҷону хонумони бонувон дошт. Дар он давра қаламрави ноҳияи моро, ки дар ду шафати шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа воқеъ аст, водии марг меномиданд ва касе кафолати амнияти хизматчиёни давлатиро дода наметавонист, - ба хотир меорад он рӯзҳоро Муҳаббат Файзова. - Саробонии кӯдакони бепарастормондаву тасалият бахшидан ба волидони фарзандгумкарда як самти муҳимми фаъолияти муовини раиси ноҳия маҳсуб меёфт. Ба замми муаммову нофаҳмиҳои зиёди сиёсӣ қувваҳои пинҳонкоре буданд, ки неруҳои зеҳнӣ, аз зумраи донишмандону фаъолони маҳалҳоро ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун шомил намуда, пасон, ин афроди нуфузманди ҷомеаро бар зидди масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ мешӯрониданд.
Баъдан фитна рӯи кор омаду ҷомеаро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт”.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба фаъолияи роҳбарӣ ҷалб намудани занону бонувонро яке аз масъалаҳои муҳим дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дониста, дар ин ҷода барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда буд. Ҳарчанд дар ин давра барои занону бонувон имконият фароҳам омада бошад ҳам, ҳанӯз афроде буданд, ки намехостанд онҳо дар сари мансабу вазифаҳо бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё