Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷамолиддин Сайфиддин дар ин лавҳаи чеҳравӣ ҷасорати зани тоҷикро дар симову фаъолияти пурсамари Муҳаббат Файзова нишон дода, таъкид менамояд, ки маҳз ин қишри фаъоли ҷомеа тавонистанд, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намуда, сулҳу ваҳдати сартосариро таъмин намоянд. Чунончи дар лавҳа мехонем: “Новобаста ба шароити замон хатару таҳдидҳои силоҳбадастон Муҳаббат Файзова лаҳзае аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш фориғ нагашт. Фаъолияти ин занони фидокори майдони сиёсат дар замони нооромиҳо гувоҳӣ аз садоқат, ҷасорату иродатмандии бонувони тоҷик дар ҳифзи якпорчагии ватану сарзамини аҷдодӣ медод”.Саҳми чунин занону бонувони сиёсатмадор дар таъмини сулҳу оромӣ ва татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас аст. Бозтоби зиндагӣ ва фаъолияти ин зани фаъоли тоҷик, ки воқеан парчамбардори адолату оромист, барои хонандагон, хусусан занону бонувон шоистаи пайравӣ мебошад.
Ҷамолиддин Сайфиддин ҳангоми эҷоди лавҳа симои қаҳрамони худро бо истифодаи лаҳзаҳои таъсирноки рӯзгору фаъолияташ тавъам пешниҳоди хонанда мекунад, ки он аз чанд ҷиҳат омӯзанда ва қобили таваҷҷуҳ мебошад. “Дар ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ ва эҳёи дубораи расму оинҳои миллӣ дар музофот, маҳз масъулони соҳаи маънавиёт саҳми муҳим мебозанд. Агар муовини идеологии раиси ноҳия шахсияти аз ҳар ҷиҳат озодаву намунаи ибрат бошад, мардум хосса, занону духтарон ба сарлибоспӯшиву дигар кору кирдорҳои ӯ пайравӣ мекунад. Занони роҳбар бо фарҳанги волои либоспӯшӣ, хоксорию муоширати хубу самимӣ, мунису ғамгусори ниёзмандон будан ва дигар хулқу атвори шоистаашон назди мардум иззату эътибор меёбанд”. Бозтоби донишу ҷаҳонбинӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносиву худогоҳӣ ва меҳнати суботкоронаи Муҳаббат Файзова дар лавҳаи мазкур бо далелҳо оварда шуда, ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва рафтори хонанда таъсиргузор мебошад.

пешина
аз 194
навбатӣ