Нигоҳи чашму дил

Мурод Одинаро дар рафти баргузории тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии ноҳияву вилоят мебинем, ки барои мухлисони худ суруду тарона ва оҳангҳои дилошуб тақдим медоранд. Мавсуф дар баробари сароидани суруду оҳангҳои дилошўб ба касби омўзгорӣ низ шавқу ҳаваси зиёд дорад. Ў зиёд мехоҳад, ки бо наврасону ҷавонон дар иртибот бошад ва ба онҳо илму дониш омўзад.
Ҳамин дилбохтагӣ ва майлу рағбат ба ин пеша буд, ки ўро ба омўзишгоҳи омўзгории ноҳияи Ҳисор овард. Ў ин боргоҳи маърифатро соли 2007 бо ихтисоси омўзгори фанни педагогика ва психологияи томактабӣ хатм намуд. Муроди Одина дар чорабиниҳое, ки дар ин муассисаи таълимӣ ба ифтихори ин ё он санаҳои таърихӣ баргузор мегардид, фаъолона ширкат меварзид. Номбурда хушбахт аз он аст, ки дар давлати ободу озод зиндагӣ ва фаъолияти эҷодӣ дорад. Аз пешравиҳои ҷомеа меболад ва талош менамояд, ки ин ҳама дигаргуниву таҳаввулоти бавуқуъомадистодаро дар суруду оҳангҳояш инъикос намояд. Яке аз сурудҳои дилписанди ў «Кишварам имрўз зебо гаштааст» мебошад, ки дар он талошу заҳматҳои мардуми Тоҷикистон, алалхусус фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст.
Тазаккур бояд дод, ки Мурод Одина дар интихоби суруд ва таҳияи оҳангҳои дилошўб бо адибону ҳунармандони соҳибмактаб, аз ҷумла устодон Озар , Рустами Хомарахш, Акрам Ризом, Сафармуҳаммад Аҳмад, Чупон Бадали Ванҷӣ, Бахтиёри Асад, Меҳриниссо Бобоева, Зеварӣ, Амриддин Кабирӣ, Маҳмадалӣ Аюбӣ ва дигарон ҳамкорӣ дорад. Аслан, ҳамаи он оҳангҳое, ки ў эҷод мекунад, аз назди бародари худ Карим Одина, ки ў низ санъаткор аст, мегузаронад ва барои такмилу рушди он маслиҳатҳо мегирад.
Мурод Одина оиладор буда, соҳиби ду фарзанд ва се набера мебошад. Дар муҳити оила ҳамеша сухан аз суруду оҳангҳои асил меравад ва фарзанду набераҳояшро ҳам маҳз дар ин партав ба камол расонида истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё