Нигоҳи чашму дил

Хешу ақрабо, дўстону пайвандон ва ҳамсояҳо ҳамеша дар чорабиниву базмҳои хурсандиашон ўро даъват менамоянд то барои болида намудани табъи нозукашон суруд сарояд. Аммо касе аз фарзандон ва наберагонаш ин пайроҳаро интихоб накардаанд. Ў мегўяд, ки бояд ҳар нафар худаш касбу ҳунареро дар зиндагӣ пеша намояд, ки онро дўст медорад ва барои омўхтану дар ҳаёт истифода намуданаш завқу ҳаваси зиёд дорад.
Имрўз Мурод Одина миёни аҳли эҷоду ҳунар ва илму адаб мавриди таваҷҷуҳ ва соҳиби эҳтиром аст. Ўро ҳама бо ҳунари сарояндагиву навозандагиаш, ки дорои сабку услуби хосса аст, мешиносанду эҳтиром менамоянд. Дар чорабиниву нишастҳои маънавӣ, ки пайваста миёни аҳли илму адаб баргузор мегардад, фаъолона ширкат менамояду суруду оҳангҳои дилошўбашро пешниҳод мекунад. Мурод Одина низ ҳар гоҳе, ки дар чорабиниҳои илмиву адабӣ ширкат меварзад, аз суҳбату баҳсу андешарониҳои устодону эҷодкорон маъниии зиёд мебардорад.
Ин маънӣ ва бардоштҳоро кўшиш менамояд, ки дар оҳангҳояш истифода кунад. Дар интихоби матни суруд ҳамеша маслиҳати устодонро мегирад ва дар фаъолияти худ истифода мебарад.
Зикр намудан зарур аст, ки Мурод Одина ҳангоми иҷрои суруду оҳанг дорои сабку услуби махсус аст, ки он хоси ўст ва дар ин самт аллакай мактаби худро ба вуҷуд овардааст.
Мурод Одина инсони ҳалиму меҳрубон ва хоксору фурутан аст. Ҳар касе, ки бо ў ҳамсуҳбат мегардад, зуд ба дилу дидаи он роҳ меёбад. Ғазалу рубоӣ, дубайтиву таронаҳои зиёд медонад.
Ҳар гоҳе сари матнҳои эҷоднамудаи шоирон андеша намуда, аз онҳо маъниҳои тоза меҷўяд. Талош меварзад, ки оҳангу матни суруд тавъаму таъсирбахш бошанд, то ба руҳу равони шунаванда созгор ояд. Суруду мусиқии хушоянд ҳамеша ба руҳу равони инсон таъсиргузор аст. Аз ин рў, инсон майл ба суруду оҳангҳои дилошўб дорад ва ҳангоми хастаҳолию афсурдагӣ низ аз он истифода мебарад. Дар илми тиб низ аз ин метод васеъ истифода менамоянд. Бешак, суруду оҳангҳои Мурод Одина ҳамеша ба кас хушоянд аст ва моро ба дунёи ишқу муҳаббати пок роҳнамоӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё