Нигоҳи чашму дил

Яке аз самтҳои фаъолияти доктори илмҳои филологӣ, профессор Искандар Икромов таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар ва омода намудани мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти тоҷик мебошад. Устод ба касби омӯзгорӣ аз давраи кӯдакию наврасӣ меҳру муҳаббати хосса дошт. Ҳамин дилбастагӣ ба пешаи омӯзгорӣ шавқу ҳаваси ӯро ба ин пеша зиёд менамуд. Тавре устод ёдоварӣ мекунанд:
– Ҳар гоҳе омӯзгори аввалинашон Шарифов Сафар ба синфхона ворид шуда, баъд аз салом гуфтан ба шарҳи мавзуи дарсӣ мегузаштанд, мани хурдсол ба тарзи суханрониву либоспӯшии ӯ мароқ зоҳир мекард.
Аз он давра беш аз 70 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, устод И.
Икромов он лаҳзаҳои хотирмонро ба ёд оварда, аз методу усулҳои таълими устодони пуртаҷрибаи худ, аз ҷумла Шарифов Сафар, Ашуров Карим, Ниёзов Одина ва Раҷабов Назар истифода карда, кори онҳоро идома медиҳад. Бо мурури замон устод дар ҷараёни таҳсил дар мактаби миёна бо роҳнамоии устодони соҳибтаҷриба ба оламу одам сарфаҳм рафта, нозукиҳои касби омӯзгориро аз худ мекунад. Имрӯз мавсуф бо сарафрозӣ қайд мекунад, ки дар ин кор дар баробари устодон волидони нуктасанҷу маърифатпарвараш, ки худ низ аз таъриху адабиёти пурғановати миллати тоҷик огоҳии хуб доштанд, мусоидат намудаанд.
Меҳру муҳаббати самимӣ ба забон ва адабиёти тоҷик устод И. Икромовро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ овард. Дар давраи таҳсил дар донишгоҳ ӯ аз устодони пуртаҷрибаи унвондор, аз ҷумла Рустамов Қодир, Нозимов Барот, Сайидов Раҳим, Умаров Тоҳир, Файзиев Борон, Исоев Сайдаҳмад ва дигарон нозукиҳои касби омӯзгориро омӯхта, аз пешаи интихобкардааш қаноатманд буд. Мавсуф бисёр хоҳиш дошт, ки ҳарчи зудтар ба кори таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар машғул гардад. Ҳамин муҳаббат ӯро ҳамеша шефтаи касби омӯзгорӣ менамуд. Аз ин рӯ, аллакай дар давраи донишҷӯӣ, баъд аз машғулиятҳои таълимӣ ба кори таълиму тарбияи хонандагон мепардозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё