Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод И. Икромов баъд аз хатми муваффақонаи донишгоҳ пурра ба кори таълиму тарбия машғул гардида, бештар аз 60 соли умри худро ба ин соҳаи муҳим бахшидааст.
Машғулиятҳои таълимии устод дар сатҳи баланди педагогӣ мегузаранд, ки донишҷӯён ба умқи масъалаи омӯхташаванда мерасанд. Устод И. Икромов бисёр донишу ҷаҳонбинии густардаи илмиву таълимӣ доранд ва масъалаҳои гуногуни адабиётшиносиро басо ҷолибу муассир ба донишҷӯён меомӯзонад. Мавсуф асосан, аз фанҳои тахассусии “Таърихи адабиёти тоҷик”, “Муқаддимаи адабиётшиносӣ”, “Назарияи адабиёт”, “Адабиёти классикӣ”, “Назмшиносӣ”, “Сабкшиносӣ”, курсҳои махсус аз адабиёти классик ва муосири тоҷик ва ғайра дарс мегӯянд.
Қайд намудан зарур аст, ки имрӯз ҳайати омӯзгорони натанҳо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, балки дигар муассисаҳои таҳсилоти олию касбӣ, аз ҷумла ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз таҷрибаву методикаи таълими устод баҳравар мегарданд.
Меҳнати самараноки устод аз тарафи Раёсати донишгоҳҳои Кӯлобу Бохтар, Раёсат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома”-ву “Сипоснома” ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст.
Ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ устод И. Икромов ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ мароқ зоҳир намудаанд. Ӯ мехост, ки дар оянда аз ҷумлаи муҳаққиқони соҳаи адабиётшиносӣ шавад.
Сараввал ба ин чиз хоҳишу майл ва завқи баланд дар замираш тавассути нигоштаҳои олимони соҳа, аз ҷумла Ю. Бобоев, А.
Афсаҳзод, Р. Ҳодизода, Ш. Ҳусейнзода, С. Имронов, Х.
Асозода, Н. Сайфиев, А. Маниёзов, С. Воҳидов, Х. Шарифов, С.
Табаров, У. Каримов ва чанде дигарон ба вуҷуд омадаву шакл мегирад. Дар давраи донишҷӯӣ устод дар доираи лоиҳаҳои кори курсӣ ва кори дипломӣ ба омӯзиши масъалаҳои адабиётшиносӣ машғул гардида, то андозае ба мушаххасот ва моҳияти кори илмӣ-таҳқиқотӣ ошноӣ пайдо мекунад.

пешина
аз 194
навбатӣ