Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зиндагии ин марди шариф, дар ҳақиқат, мактаби ибратомўзӣ ва таҷрибаандӯзист. Устод бо кору пайкор ва хислатҳои наҷиби инсониаш шогирдони зиёдеро маҷзуби хеш гардонида, ба мисли устодони зиндаёдаш: Шарифҷон Ҳусейнзода, Расул Ҳодизода ва дигарон, дар дили онҳо донаи меҳру муҳаббати илму маърифат коштааст. Айни замон шогирдони Икромов Искандар, ки аксар худ имрўз устод буда, бархе ба ҳайси номзадони илм, дотсентон фаъолият менамоянд, ҳатто дар ғайбаш дар бораи ў бо арзи эҳтироми зиёд ва самимияту садоқат ҳарф мезананд”. Гуё шоир маҳз барои устод ва чунин инсонҳои заҳматписанд гуфтааст:
Бе азму талошу саъйи комил
Касро нашавад мурод ҳосил.
Устод И. Икромов дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ доир ба масъалаҳои мубрами илми адабиётшиносӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла дар ҳамоишҳои сатҳи баланди илмӣ бахшида ба “680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ” (1994), “Ҳазорсолагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (1994), “685-солагии шоири бузурги форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ” (1996), “1100-солагии давлати абарқудрати Сомониён” (1999) ва ғайра бо маърузаҳои илмии пурмуҳтаво баромад намудааст.
Устод И. Икромовро дар муҳити илмию адабии ДДБ ба номи Носири Хусрав, ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ДМТ, ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, ДДОТ ба номи С.
Айнӣ, ДДХ ба номи М. Назаршоев, Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ДБЗТ ба номи С. Улуғзода ва дигар муассисаҳо ҳамчун профессори сермаҳсул ва муҳаққиқи адабиётшиносӣ мешиносанд.
То имрӯз таҳти роҳбарии устод унвонҷӯёни зиёде, аз ҷумла Мадислом Раҳмонов, Мирзораҳматова Гулнора, Раҳёнгул Қурбонова, Саъдулло Ҳакимов ва Маҳмурод Раҳмонов рисолаҳои номзадии худро дифоъ кардаанд. Имрӯзҳо низ устод ба ҳайси мушовири илмии кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият намуда, ба магистрантону докторантон ва унвонҷӯёни кафедраву факултет дар корҳои илмию таҳқиқотиашон роҳбарӣ карда, машварат медиҳанд.

пешина
аз 194
навбатӣ