Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод И. Икромов ба даҳҳо рисолаҳои номзадиву докторӣ доир ба адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик тақризҳои илмӣ навиштааст.
Устод И. Икромов ба ғайр аз фаъолияти таълимӣ ва илмӣтаҳқиқотӣ масъулияти роҳбариро низ ба дӯш дошт. Аз котиби ҳизби коммунисти муассиса, мудири кафедра то профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ адои вазифа намудааст. Аз соли 2001 то инҷониб дар вазифаҳои декани факултети филологияи тоҷик, профессор, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва рӯзноманигорӣ, мушовири илмии кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст.
Дар тамоми чорабиниҳои донишгоҳӣ профессор И. Икромов дар қатори дигар кормандони собиқадору соҳибэҳтиром ва садри маҷлис ширкат меварзанд. Ҳамчунин номбурда дар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкати фаъол доранд.
Адибону муҳаққиқон ва шогирдон ба муносибати 80- солагии устод Искандар Икромов мақолаву ёддошт ва шеърҳо таълиф намуданд, ки симои устодро комил нишон медиҳад.
Докторант PhD аз рӯйи ихтисоси филологияи тоҷик Хурсандмурод Фақиров самимияти худро нисбати донишу ҷаҳонбинӣ ва хислати устод И. Икромов баён кардааст:
Чун ахтаре ба бурҷи фалак ҷо гирифтаӣ, Қалби бузургу пок зи дарё гирифтаӣ.
Андар мақоми аҳли адаб бо каломи худ, Дар қалби поки оқилон маъво гирифтаӣ.
Устоди илму маърифат Искандари Киром.
Ҷовид номи нек ба дунё гирифтаӣ.

пешина
аз 194
навбатӣ