Нигоҳи чашму дил

Фаъолияти гуногунсамти устод И. Икромов барои ҷавонон намунаи ибрат ва пайравӣ буда, онҳоро ба илмомӯзӣ, садоқат ба касб ва меҳнатдӯстӣ ҳидоят менамояд. Шиори устод дар зиндагӣ чунин аст:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Борҳо собит гардидааст, ки инсон дар тули ҳаёти худ метавонад дар натиҷаи омӯзишу мушоҳида ва фаъолияту талошҳои хастагинопазир дар ҷодаи интихобкардааш муваффақ гарадад. Рӯзгор ва фаъолияти гуногунсамти илмиву эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Искандар Икромов боиси омӯзишу шоистаи пайравӣ мебошад. Устод дар натиҷаи кӯшишҳои пайваста ва талошҳои зиёд тавонистааст, ки дар роҳҳои мушкили таълим ва илму эҷод муваффақ гардад.
ҲАР КӢ ШАМЪАШ ЗИ ИЛМ ДАРГИРАД...
Камоли мардумӣ дар илм бошад, Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад.
Оре, рушду камоли маънавию фарҳангӣ ва зебоии ҳар фарди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту меҳанпараст аз илму дониш, ахлоқи ҳамида ва ҷаҳонбинияш вобастагии зиёд дорад.
Илму хирадро инсон маҳз тавассути омӯзишҳои пайваста ва мушоҳидаҳои мақсаднок ба даст меорад. Ҳамин аст, ки тамоми олимону бузургони ҷаҳон барои илму дониш саъю талоши бештар варзида, дар ҷомеа бо баракати хираду ахлоқи наку эҳтирому нуфузи баландро соҳиб шудаанд. Бузургиву тавонмандии инсон на дар бозуву ҷисм, балки сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва рафтори шоистааш мебошад. Нури маърифату хирад роҳи тираи шахсро мунаввар мекунад, ки бо доштани он инсон хуштолеъ мегардад. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар ин хусус хеле бамаврид гуфтааст:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад.
Дурахшон нигоҳ доштани ҳаёти маънавии шогирдон ба фаъолияти омӯзгор вобастагии зиёд дорад. Омӯзгор аст, ки ҳаёти инсонҳо рангину ҷилобахш ва пур аз шодиву тараб мегардад. Пешаи омӯзгорӣ пуршарафтарин касби рӯи олам буда, рушди тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари устод вобастагии зиёд дорад. Аз ин ҷост, ки аз давраҳои қадим ба фаъолияти омӯзгорон арҷ мегузоранд. Дарвоқеъ, тамоми комёбиҳои илмиву эҷодӣ ва техникии олимону шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳонӣ аз фаъолияти босамари устодон вобастагӣ дорад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хеле хуб фармудааст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Муллои Рум, То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё