Нигоҳи чашму дил

Дар ҳолате, ки донишҷӯён дар баёни фикре дар мемонданд ёрӣ мерасониданд. Ин самимят ва меҳрубонии устод таваҷҷуҳи маро хеле зиёд ба худ ҷалб кард. Рӯзе пешниҳод намуд, ки: - “Алишер чаро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул намешавед?. Биёед лозим шавад ман роҳбар мешавам!” Ҳамин суханҳои пурмуҳаббату самимии устод ба ман таъсир карданду баъд аз ҳафтае ба наздашон рафта мавзуи минбаъдаи таҳқиқотиамро интихоб кардам.
Гуфтан мумкин аст, ки дар ин фурсатҳои кӯтоҳ низ устод тавонистанд, ки ба мо то ҷое дарси маърифат диҳанд ва матонату устувориро дар ҷодаи илм биомӯзанд.
ИШҚ ВА САДОҚАТ БА КАСБ
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Меҳри ӯро дар дилаш андохтанд.
Аз замони ба дунё омадан дар замири инсоният неруе зуҳур мекунад, ки онро Ишқ мегӯянд. Бо мурури замон ин Ишқ қавитар гардида, доманаи он густарда мегардад. Ҳангоми дарки оламу одам ва пайдо шудани аввалин донишҳо Инсон ба моҳияти зиндагӣ, Ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва амсоли ин сарфаҳм меравад. Аслан Ишқ намудҳои гуногун дорад, ки инсон бо шаклҳои мухталиф ба он бархӯрд мекунад. Яке аз онҳо ин Ишқ ба касбу ҳунар мебошад.
Касбу ҳунарро зинати инсон мегӯянд. Одатан табиат ба инсон истеъдоду маҳорати фавқулодае ато мекунад. Агар шахс онро сари вақт дарк кардаву рушд бахшад, ба ҳадафи доштаи худ мерасад. Ҳамзамон, аз ин маҳорати ӯ ҷомеа низ баҳравар мешавад.
Устод Нодиров Тағойназар ба варзиш, хусусан намудҳои гӯштингирӣ аз давраи кӯдакиву наврасӣ ишқу алоқаи хоссае дорад. Ҳамин дилбохтагӣ ба варзиш ӯро баъди хатми муваффақонаи мактаби таҳсилоти умумӣ ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саймуъмин Раҳимов овард. Ҳангоми таҳсил дар баробари гирифтани донишҳои назариявию амалӣ, ӯ ба тамрини иловагӣ дар толорҳои варзишӣ машғул мегардид.
Натиҷаи пайвастаи тамринҳо ва иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ӯро дар ҳамин ҷода комёб намуд. Ӯ натанҳо дар мусобиқаҳои сатҳи маҳаллӣ, балки умумиитифоқӣ низ муваффақ мегашт.
Профессор Нодиров Т. аз ҷумлаи аввалинҳоест, ки нозукиҳои тарзи гӯштини Дзю-до омӯхтаву онро ба кишварамон Тоҷикистон овардааст. Номбурда дар ин ҷода мактаби варзишии худро таъсис дода, даҳҳо нафар ҷавонони варзишгарро тарбия намудаву ба мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун роҳнамоӣ кардааст. Саҳми устод Нодиров дар омода намудани омӯзгорону мутахассиони соҳаи тарбия ҷисмонӣ ва варзиш ва роҳнамоиҳои онҳо ба мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун назаррас аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё