Нигоҳи чашму дил

Таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои ӯ садҳо нафар ҷавонон ба камол расида соҳиби мактаби варзишии худ шудаанд. Абдураҳимзода Қудраттуло, профессор, ки солҳо бо устод кору фаъолият доранд ба ин ҷиҳати фаъолияти устод Нодиров Т. таваҷҷуҳ намуда, дар яке нигоштаҳояш зикр кардаанд.
– Устод Нодиров Т. аз соли 1981 то соли 1994 вазифаи мудири тарбияи ҷисмониро ба уҳда доштанд. Ӯ ба ҳайси мудири кафедра ҳамеша сайъу кӯшиш мекард, ки сатҳу сифат ва самараи дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ баланд бардошта шуда, мутахассисони ин соҳа дар оянда ҳамчун омӯзгорони баландихтисос дар мактабҳои миёнаи умумӣ содиқона кору фаъолият намоянд. Дар ин давом як қатор шогирдони устод Нодиров Т. дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ аз намудҳои гуштини тарзи дзю-до, самбо ва гуштини миллӣ фаъолона иштирок варзида соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Ба ҷумлаи ин шогирдон метавонем шогирдони зерини устод Т.
Нодировро номбар намоем: Бояков Убайдулло, Қурбонов Бозорбой, Ҳакимов Файзиддин, Каримов Ҳоким ва дигарон мебошанд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар ташаккули донишу ҷаҳонбинӣ ва рушди камолоти ҳар инсон нақши хонавода бисёр муҳим аст. Устод Нодиров Т. низ дар муҳити хуби олилавӣ ба камол расидааст. Профессор Алимов Давлаталӣ дар яке аз нигоштаҳои худ чунин менависад:
– Ҳақиқатан, дар ҳаёт оилаҳое ҳастанд, ки падару модар серфарзандию ягона будани фарзандро баҳона насохта, барои шахси сазовори давр шуда ба камол расидани бачагонашон чораҳои судбахш меандешанд, дар ҷараёни тарбия нисбат ба манфиатҳои шахсӣ, манфиатҳои халқу меҳанашонро дар мадди аввал метузоранд. Аксари оилаҳои тоҷик ба ин мақсад ҳам ноил мегарданд. Устод Нодиров Т. тарбияи аввалинро аз оилаи худ гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё