Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ соли 1959 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Аз замони мактабхонӣ ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик мароқи бештар зоҳир намуда, талош мекард, ки дар омӯзиши ин фанҳо комёб гардад. Соли 1976 Ҷаббор Саидов мактаби рақами №3-и зодгоҳашро хатм намуда, муддате дар сохтмону бунёди иншоот иштирок кардааст. Соли 1977 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардида, хизмати Модар-Ватанро дар қўшунҳои дохилӣ дар шаҳри Свердловск бо сарбаландӣ ба анҷом мерасонад.
Меҳри ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик доштааш соли 1979 Ҷаббор Саидовро ба факултаи филологияи тоҷики собиқ Донишгоҳи педагогии ба номи Т.Г. Шевченко, имрўза Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ овард.
Соли 1984 донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, мувофиқи роҳхати Вазорати маориф ба мактаби рақами №4-и зодгоҳаш меояд. Аз ин давра фаъолияти омӯзгории ў оғоз мегардад. Дар мактабҳои рақами №2 ва №50-и ноҳия низ ба ҳайси муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагон дарс гуфта, сатҳи забондонию адабиётдўстии онҳоро баланд бардоштааст. Дар соли 1996 ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Душанбе ба кор меояд. Дар ин боргоҳи илму маърифат ба донишҷӯён аз фанни забони тоҷикӣ ва таърихи халқи тоҷик дарс мегўяд. Бояд қайд кард, ки Ҷаббор Саидов дар вазифаҳои мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа, мудири шуъбаи саноат ва нақлиёт, мудири шуъбаи арзу шикоятҳои шаҳрвандон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва муносибати байни миллатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа адои хизмат намудааст. Аз соли 2006 инҷониб дар факултаи филологияи тоҷик омўзгори кафедраи забони тоҷикӣ мебошад.
Ҳангоми суҳбат мудири кафедраи забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Меҳрубон Назаров қайд дошт, ки «Ман устод Саидовро 15 сол мешавад, ки мешиносам ва бо ҳам дар як кафедра фаъолияти меҳнатӣ дорем. Ҳар боре, ки коре афтаду ба назди устод оям, ба ман роҳи ҳалли онро нишон медиҳанд.

пешина
аз 194
навбатӣ