Нигоҳи чашму дил

Гуштин касб кардӣ, доим дар набардӣ, Баҳри ту машқу тамрин зӯру мадор бошад.
Хоҳам ки чун ту умре дилбанди машқу тамрин, Ҳар як ҷавони миллат дур аз сигор бошад.
Ҷамшед мекушояд дасти дуо ба Яздон:
Садсолагӣ ба роҳат чашминтизор бошад.
Устод Нодиров Т. ба касби интихобкардаи худ, яъне омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ ва мураббии намудҳои гӯштин меҳру садоқати зиёд дорад. Ҳамин садоқат аз замони кӯдакӣ то ба давраи пирӣ расиданаш ҳеҷ гоҳе кам нагаштааст. Маҳз ҳамин муҳаббати самимӣ боиси эҳтиром пайдо намуданаш дар ҷомеа шудааст. Аз ин рӯ, садоқати ӯро ба касб метавон садоқат ба Ватан донист.
ОМЎЗГОРЕ, КИ ТАРҒИБГАРИ ЗАБОНИ МИЛЛИСТ
Дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва рушди ҷомеаи тоҷикон соҳаи маънавиёт ва сатҳи забондонию забоншиносии мардум низ боло рафтааст.
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон, Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст, - гуфтааст шоир.
Забон-рукн ва пояи миллату давлат буда, рушду густариши тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз забондониву забономӯзӣ ва эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ ифода меёбад. Забон муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон буда, дирўзро бо имрўз ва имрўзро бо фардо пайванд мекунад. Имрўз забони тоҷикӣ мавқею манзалати хешро миёни дигар забонҳои дунё пайдо намудааст. Дар ин росто нақши олимону донишмандони соҳаи забоншиносӣ ва омўзгорони фанни забони тоҷикӣ хеле назаррас аст.
Чӣ тавре ки аз таърихи гузаштаамон аён аст, забони тоҷикӣ дар тули қарнҳо аз имтиҳони мушкили таърих гузашта, асолату манзалати худро то ба имрӯз нигоҳ дошта меояд. Зеро забони тоҷикӣ худ забони шеъру шоирӣ ва илм, забони давлатдорӣ, забони маҳфилороӣ буду ҳаст. Нисбати забони шевою дилкаши тоҷикӣ олимону донишмандони ҷаҳон баҳои баланд додаанд, ки ин барои ҳар фарди худшиносу худогоҳ боиси ифтихору сарфарозист. Дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ барои ҳар фард муҳим ва зарур аст. Беҳуда нагуфтаанд:
Забони ман, забони тоҷикон аст, Падар ҳам, модарам тоҷикзабон аст.
Аз он фахрам, ки ман тоҷикзабонам, Забони олӣ Сомонро бидонам.
Ҷаббор Саидов зиёда аз 40 сол мешавад, ки дар соҳаҳои мухталиф фаъолият карда, барои баланд бардоштани мавқею мартабаи забони тоҷикӣ, таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи омўзгорӣ саҳми хосса мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё