Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ аз ҷумлаи нафароне мебошад, ки дар барқарор намудани сохти ҳукумати конститутсионӣ саҳми арзишманд гузошта, вазифа ва рисолати шаҳрвандии хуро бо сарбаландӣ дар назди халқу Ватан иҷро намудааст. Махсусан, дар лаҳзаҳои ҳассос барои миллату давлат баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва адолату тартибот аз худ матонату корномаи бемисл нишон додааст.
Ҳамаи ин меҳнату фидокориҳояшро давлату ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибор гирифта, соли 1993 ба ӯ сарварии яке аз калонтарин ноҳияи минтақа ва зарардидаи даргириҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, собиқ Бохтар, ҳозира Кӯшониёнро вогузор намуданд. Мавсуф дар мавридҳои зарурӣ ва шабона ба назди муҳоҷирони баргашта рафта, бо онҳо суҳбату вохӯриҳои самимӣ намуда, онҳоро ба зиндагӣ ва фаъолият дилгарму роҳнамоӣ менамуд. Дар давраи фаъолияти роҳбарӣ ба ин ноҳия Саидамир Розиқов, пеш аз ҳама, ба ҷалби мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқ таваҷҷуҳ намуда, баҳри таъмини оромӣ ва дубора баргардонидани фирориён нақшачорабиниҳо таҳия ва онҳоро босифат амалӣ менамуд. Маҳз бо дарки масъулияти баланд ва мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ӯ тавонист, ки мардуми ноҳияро аз ҳолати буҳронӣ бароварда, нақшаи пахтасупорӣ ва истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ барзиёд иҷро намояд.
Ҳамин кордониву фаъолияти пурсамари Саидамир Розиқовро давлату ҳукумат ба назар гирифта, ӯро соли 1996 ба ҳайси роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъин намуданд. Дар ин вазифаи пурмасъул низ аз худ фаъолияти назаррас нишон дод. Соли 1998, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуррасозии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномарезӣ менамуд, мутахассисони соҳаи ҳарбӣ лозим донистанд, ки дар ин ҳайат Саидамир Розиқовро низ ворид намоянд. Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои ӯ рӯз ба рӯз артиши навтаъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гардонида мешуд.

пешина
аз 194
навбатӣ