Нигоҳи чашму дил

Саҳми Саидамир Розиқов дар бунёду сохтмони қисмҳои низомии кишвар ва таъмини сарбозону афсарони кишвар дар машқҳои ҳарбӣ назаррас аст. Бо мусоидати давлату ҳукумат ва роҳнамоиҳои ӯ ҷавонони зиёде дар муассисаҳои оливу касбии ҳарбии давлатҳои хориҷа таҳсил намуда, имрӯз дар рушду пешрафти кори соҳа ҳиссагузорӣ менамояд.
Маҳмадалӣ Акрамов аз ҷумлаи дӯстони хонадонт Розиқовҳо аст. Бо Саидамир Розиқов борҳо нишаста суҳбатҳои хотирмон доштааст. Ӯ аз фазилати баланди инсонӣ, садоқату муҳаббат ба халқ ва Ватан доштани Розиқов ёдовар шуда гуфт, ки:
– Шараф ба фарзандони шуҷои Ватан, ки баҳри амнияту субот ва якпорчагии Тоҷикистони азиз содиқ монданд. Чун сухан агар дар боби Артиши миллӣ равад, ҳамоно симои Генерал Сайдамир Розиқов пеши рӯ намуддор хоҳад шуд.
Таърихи миллат хизматҳои чунин мардони шарифро ҳамеша дар хотираи хеш ҳифз хоҳад кард. Ӯ нафаре буд, ки манфиати давлату миллат, Ватан барояш боло аз ҳама гуна арзишҳо меистод. Дар ҷодаи садоқату хоксорӣ ва шикастанафсӣ низ бемислаш медонанд. Хислатҳои ҳамидаи эшон буд, ки имрӯз ёдаш мекунанд ва аз ӯ на қасри муҳташам, балки дар қалби мардум номи некаш маскан дорад. Бояд қайд намуд, ки ӯ дар ин ниҳоди қудратӣ аз сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба муовини вазири мудофиа расидааст. Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки маҳз дар доираи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар дохили мамлакат муассисаҳои омодасозии кадрҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд, ки дар ин кор низ саҳми Саидамир Розиқов дида мешавад. Хизматҳои бенуқсони чандинсолаи Саидамир Розиқовро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи кишвар ва дигар вазорату кумитаҳо ба назар гирифта, ба ӯ як қатор ордену медалҳои соҳавӣ, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ, аз қабили ордени “Спитамен дараҷаи 1-ум”, медали ҷашнӣ ба ифтихори “10-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали “60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, медали “20-солагии баромадани қушунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон”, медали “70 - солагии ғалаба дар ҶБВ”, медали 70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР”, рутбаи “Генерал-майор” ва ғайраҳоро лоиқ донистаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё