Нигоҳи чашму дил

Дар ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он” вазифаҳои қонуни зикршуда дарҷ ёфтаанд, ки аз инҳо иборатанд:
“- муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо оби нӯшокӣ;
- муқаррар намудани асосҳои хоҷагию иқтисодии таъмини оби нӯшокӣ;
- муқаррар намудани кафолатҳои давлатии эътимоднокии таъмини оби нӯшокӣ, инчунин асосҳои ба ҷавобгарӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ”.
Дар моддаи дуюми “Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад ин масъала ба таври зайл шарҳ ёфтааст:
“- танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об; - таъмини асосҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;
- муайян намудани принсипҳои асосӣ, самтҳои истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об”.
Мақсад аз зикр намудани моддаҳои мазкур аз санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро қабул ва мавриди амал қарор медиҳад, аз мавқеи муайян доштани ин масъала дар сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад.
Баланд бардоштани маърифати экологӣ, бахусус самаранок истифода намудан аз манбаъ ва захираҳои табиӣ, сарсабзгардонии муҳити зист, пешгирӣ аз вайроншавии экосистемаи табиат, партовҳои сахти маишӣ, сӯхтори ҷангалу бешазорҳо ва амсоли ин, дар маҷмуъ, ба пойдории ҳаёт дар рӯйи Замин мусоидат мекунад.
Бояд дар назар дошт, ки обҳои шӯри уқёнусҳо, баҳрҳо ва кӯлҳо аз тарафи одам кам истифода мешаванд. Захираҳои обҳои ширин хеле кам буда, асосан аз ҳисоби борону барф ва пиряхҳо ҷамъ мешаванд, ки ҳаҷман маҳдуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё