Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аскар Ҳаким дар ин маврид хуб мефармоянд:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед, Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо, Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Забони тоҷикӣ аз лиҳози шеваи баён содаву равон буда, дорои таркибҳои зиёди луғавӣ мебошад. Забони тоҷикӣ миёни дигар забонҳои дунё мавқею манзалати баланд касб намудааст, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст. Бояд гуфт, ки дар ин росто нақши олимону донишмандони соҳаи забоншиносӣ, омўзгорони фанни забони тоҷикӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма хеле назаррас мебошад. Агар ҳар як фарди миллат масъулиятшиносӣ ва ҳисси эҳтиром нисбат ба халқи худ, миллати худ ва забони модарии худ дошта бошад, бо саъю кўшиши зиёд дар амалӣ гаштан ва риояи пурраи Қонуни забон ҳиссагузорӣ карда метавонад. Вазифаи зиёиён, омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, волидон ва ҷомеа пеш аз ҳама дуруст маърифат ва тарғиб намудани яке аз муқаддасоти миллӣ - забони тоҷикӣ миёни кўдакону наврасон ва ҷавонон мебошад.
Ҳар фарди ҷомеа бояд забони модарии худро дўст дорад, эҳтиром намояд ва барои устувории он ҷаҳду талош намояд.
Рушду инкишофи тамоми соҳаҳо аз пойдории истиқлолияту ваҳдати миллӣ, забондониву забономӯзӣ ва эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ вобаста аст. Забон муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон буда, дирўзро бо имрўз ва имрўзро бо фардо пайванд мекунад. Маҳз мо ба воситаи забон аз мақсади ҳамдигар бохабар мешавем, дар бораи чӣ гуна рух додани ҳодисаву воқеаҳо иттилоъ мегирем ва ҳолату вазъиятро таҳлил намуда, дар асоси онҳо хулосаҳои воқеӣ мебарорем. Забони тоҷикӣ забони илму фарҳанг, забони шеъру шоирӣ аст. Ташкил ва ба роҳ мондани ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар кишвар бо забони тоҷикӣ аз арзиши баланд касб кардани забони тоҷикӣ дарак медиҳад. Нисбати забони шевою дилкаши тоҷикӣ олимону донишмандон баҳои баланд додаанд.

пешина
аз 194
навбатӣ