Нигоҳи чашму дил

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ин маврид хеле хуб фармудааст:
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст, Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Тавре аз таърихи пурифтихори гузаштаамон аён аст, забони тоҷикӣ дар давоми асрҳо аз имтиҳони сангин гузашта, асолати худро то ба имрӯз нигоҳ дошта меояд, ки ин аз бузургии он дарак медиҳад. Дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо ва вусъат пайдо намудани робитаҳои гуногуни давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ, вазифаи шаҳрвандиву имонии ҳар сокини кишвар мебошад. Бояд дарк намоем, ки ҳангоми аз байн рафтани забони модарӣ таъриху фарҳанг, урфу одат ва дигар арзишҳои миллӣ низ аз байн меравад. Хушбахт халқу миллатест, ки баҳри беҳбудии забони модарии худ андеша менамояд ва пайи такмилу густариши он саъй меварзад. Ба қавли Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, “Забони модариро бузург надошта, чӣ сон метавон зодмандон (волидонро)-ро бузург дошт, чӣ сон метавон Ватанро бузург дошт, чӣ сон метавон таърихи миллат ва азизону номдорони варо бузург дошт? Миллате, ки забони модариашро тавоно намесозад, пос намедорад ва азиз намешуморад, маҳкум ба завол ва нестист”.
Забон ҷавҳари ҳаёт ва бақои умеди миллат буда, шахсро бо ниёгонаш пайванд месозад. Аз ин рў, саҳмгузорӣ дар рушду такомули он барои ҳар фард муҳим ва зарур аст. Ба иттилои муҳаққиқон, забони тоҷикӣ таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ҳанўз дар давраи салтанати Сомониён инкишоф ёфта, ба пояи забони давлатӣ ва забони илму коргузорӣ расидааст. Нахустин қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22-юми июли соли 1989 қабул гардида, вазъи ҳукуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро дар тамоми қаламрави ҷумҳуриамон таъмин менамуд. Баъди соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, мақомоти қонунгузории мамлакат - Маҷлиси Олӣ 5-уми октябри соли 2009 бори дуюм Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳти рақами № 553 қабул намуд, ки он аз 7 боб ва 28 модда иборат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё