Нигоҳи чашму дил

ПАРЧАМ – НИШОНЕ АЗ ОЗОДИВУ ИСТИҚЛОЛ
Мояи ифтихор ва сарфарозии зиёд аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод бо ҷаҳду талошҳои хастагинопазири яке аз фарзандони ватандўсту қавиирода, ободгару сулҳҷў, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўз ба рўз ободу зебо гардида, дастовардҳои меҳнатӣ дар тамоми бахшу соҳаҳо назаррас арзёбӣ мешаванд. Тазаккур бояд дод, ки аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон тадбирҳои муҳим андешида, дар ин самт ба қабули рамз ва муқаддасоти давлатдорӣ, аз қабили Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ, Парчами миллӣ, Пулли миллӣ, замина фароҳам овард. Аз ин миён, яке аз рамзҳои давлатдорӣ, ки таҷассумгари истиқлолияту ваҳдати сартосарӣ, қудрату бақои давлату миллат, орзуву мақсадҳои Олии мардуми тоҷик мебошад, Парчами миллӣ ба ҳисоб меравад.
12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар рамзҳои давлатдорӣ, озмуни қабули тарҳи нави Парчамро ба ҷомеа пешниҳод намуд.
Дар натиҷа, аз тарафи сокинон беш аз 100 тарҳи Парчам ба аъзои коммисияи босалоҳияти давлатӣ пешниҳод гардид. Аз ин миён парчами Маҳмадулло Сайдалиев ифодагари фарҳанги пурғановат, марому мақсад, ҷоннисориву ватандўстӣ ва сарсабзиву хуррамии мардуми тоҷик эътироф шуд. Парчами мазкур баъдан дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 расман ҳамчун Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рўйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад: рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рўйи рахи сафед аз ҷои чўбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё