Нигоҳи чашму дил

Парчамдории халқи тоҷик таърихи хеле қадима дорад.
Дар шароити бархўрди фарҳангу тамаддунҳо халқи тоҷикро лозим аст, ки барои нигоҳ доштани забону таърих, ҳувияти миллӣ, урфу одат, анъанаҳои ниёгон ва дар ин замина, рушд бахшидани эҳсоси ватандўстии сокинон тасмимҳои созанда рўи кор гирифта, ба таҳқиқи ин мавзуи рўз бештар машғул гарданд.
Муҳаққиқ ва донишманд Талбак Хўҷаназаров дар китоби худ «Рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон» ба маврид навиштаанд: «Бо назардошти таърихи парчамдории халқи тоҷик баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлатдорӣ муқаррар намуд». Хушбахтона, халқи тоҷик аз давраҳои қадим соҳиби парчам буд, ки ин баёнгари қудратмандӣ мебошад. Коваи оҳангар пешдомани худро чун парчам намуда, бар зидди ноадолатиҳои замон, ҳимояи манфиатҳои халқ бархостааст, ки ин аз ҷасорату ватандўстии ин миллати куҳантаърих гувоҳӣ медиҳад. Дар ин парчам рамзи дўстиву ваҳдат, қудратмандиву неру ва сарсабзиву хуррамии мулк хеле моҳирона акс ёфта буд.
Насли дирўз, имрўз ва ояндаро лозим аст, ки барои тарғиби васеи ин муқаддасоти миллӣ талош намоянд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус бамаврид гуфтааст, ки:
«Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишони қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти арзишмандест, ки дар худ ҳадафҳои хосса дорад.
Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст, Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё