Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамчунин роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, Илм – фурўғи маърифат”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ба боло рафтани эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ замина мегузорад. Барои бавуҷудоиву шаклгирии эҳсосу дарки худшиносиву худогоҳии миллӣ, се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, ҷомеа ва фаъолияти босамари омўзгорони муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамкории зичи ниҳодҳои мазкур метавонанд дар ҳалли бисёр масъалаҳои мураккабу печидае, ки дар ҳаёти ҳар фард таъсиргузоранд, мусоидат кунад. Ҳамин аст, ки яке аз омилҳои асосии шаклгириву тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва раванди амалигардии тарбияи ватандўстиву меҳанпарастии сокинон ба ҳамкории ниҳодҳои зикршуда ва завқу салиқаи баланди ҳар фард вобастагии амиқ дорад.
Қайд намудан зарур аст, ки имрўзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва ташкилоту идораҳо ҷиҳати бавуҷудоиву таҳкими худшиносиву худогоҳӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда, дар ин самт муваффақ низ шуда истодаанд. Таҳия ва амалигардии бандҳои Консепсияи милли тарбияи ватандўстии сокинон чун ҳуҷҷати роҳнамо ва созанда, ки моҳияту ҷавҳари онро худшиносиву худогоҳии миллӣ такшил медиҳад, аз ҷумлаи омилҳои муҳим дар ин самт ба ҳисоб меравад. Ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо, шиддат гирифтани низоъҳои геополитикӣ, пешгўӣ нашудани сиёсатҳо, норасоии маводи озуқаворӣ, авҷи бемориҳои сироятӣ ва дар маҷмуъ ба вуҷуд омадани мушкилоти печидаи замони муосир аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, пеш аз ҳама, ба омилҳои рушдбахшандаи эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ диққати ҳамаҷониба зоҳир намуда, насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи ватандўстӣ тарбияву ба камол расонем.

пешина
аз 194
навбатӣ