Нигоҳи чашму дил

Худшиносиву худогоҳӣ ҳамчун омили асосӣ дар пайдо шудани донишу ҷаҳонбинӣ ба эҳсосу тақвияти дўстдории Ватан-Модар ва дигар арзишҳои муқаддас замина гузошта, инсонро боз ҳам комил менамояд. Аз ин рў, аҷдодонамон фарзандонро, пеш аз ҳама, дар ин руҳия тарбия менамуданд, то онҳо чун фарзандони фарзонаву меҳанпараст ба воя бирасанд.
Баъд аз соҳибистиқлолии кишвар масъалаи боло бурдани эҳсоси ватандўстии сокинони кишвар таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумат қарор қарор гирифта, дар ин замина санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, барномаву консепсияҳои милливу давлатӣ ва ташаббусҳои созандае рўйи кор омада, натиҷаҳои назаррасе ба бор оварда истодаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими худшиносиву худогоҳии миллии насли наврасу ҷавони кишвар, дар маҷмуъ кулли сокинон тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд, ки онҳо натиҷаҳои хуб ба бор овардаанд. Яке аз иқдомҳои шоистаи Сарвари давлат нашр ва ройгон туҳфа намудани китоби “Тоҷикон”-и ходими сиёсиву ҷамъиятӣ ва муаррихи варзида, академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи тоҷик мебошад, ки ба худшиносиву худогоҳии ҳар шахс мусоидат мекунад. Имрўзҳо сокинони кишвар, бахусус наврасону ҷавонон китоби мазкурро ҳамаҷониба мутолиа намуда истодаанд, ки ин омил ба худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсиргузор мебошад. Дар пешгуфтори китоби “Тоҷикон”-и Қаҳрамони Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид ёдовар шудаанд, ки: “Имрўз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад.
Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем. Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрўхтани эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё