Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба таъкиди муҳаққиқони соҳа санъати тасвирӣ дар асрҳои ХІХ ва ХХ дар ду аломат: модернизм ва постмодернизм зуҳур ёфтанд, ки онҳо дорои вижагиҳои махсуси худ мебошанд.
Раванди буҳронӣ, ки ба муҳити атроф ва зиндагии маънавии ҷомеа таъсир мерасониданд, дар ҷараёнҳои мухталифи санъати тасвирӣ таҷассум ёфтаанд. Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар санъати тасвирӣ марҳалаи нав оғоз гардид. Ин марҳала бо номи постмодернизм (баъд аз модернизм) маълум аст.
Санъати тасвирӣ низ чун дигар навъи ҳунару эҷод дорои жанру услуби хоси худ мебошад. Рассомон зимни тасвири манзараҳои гуногун аз махсусияти жанрии соҳа дурусту ҳадафмандона истифода менамоянд. Санъати тасвирӣ соҳаҳои ба ҳам хеле наздик - рассомӣ, графика, ҳайкалтарошӣ, суратгирии бадеиро муттаҳид мекунад. Имрӯз дар ҳудуди ҷумҳуриамон барои рушди санъати тасвирӣ ва дизайн шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар як қатор муассисаҳои таълимӣ, коллеҷу литсейҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо мутахассисони соҳаи мазкур омода карда мешаванд. Дар ин миён саҳми Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар тайёр кардани мутахассисони соҳа хеле назаррас мебошад. Ҳамасола ин муассисаи олии касбиро даҳҳо нафар ҷавонони соҳибистеъдод хатм намуда, ба фаъолияти гуногуни эҷодиву фарҳангӣ машғул мегарданд. Имрӯз хатмкунандагони ин муассиса натанҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷа бо асарҳои офаридаи бадеӣ ва санъати тасвирӣ шуҳрату мақоми шоистаро касб намудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки ҳайати устодону донишҷӯёни муассисаи олию касбии зикршуда дар озмуну чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ низ фаъолона ширкат варзида, бо санъату ҳунари волои худ ба гирифтани ҷойҳои намоён шарафёб мегарданд.

пешина
аз 194
навбатӣ