Нигоҳи чашму дил

Бо мақсади соҳибмаърифату соҳибкасб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар ин замина таҳким бахшидани завқу эҳсоси эҷодӣ, зебоипарастӣ, меҳру садоқат доштан ба ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзонидани нозукиҳои онҳо ба насли наврасу ҷавони кишвар аз масъалаҳои муҳиммест, ки таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Дар шароити имрӯзаи бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо таҳқиқу баррасӣ ва рушд бахшидани масъалаи мазкур боз ҳам аҳаммияти бештар касб мекунад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду густариши ҳунаромӯзии насли наврасу ҷавони кишвар таваҷҷуҳи зиёд доранд. Маҳз дар доираи эълони солҳои 2018 ҳамчун соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иқдомҳои назаррасе амалӣ гардиданд, ки онҳо ба эҳё ва рушди ҳунарҳои зиёди милливу ҷаҳонӣ мусоидат намуданд. Дар ин самт ҷиҳати тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи ҳунаромӯзӣ ва зарурати эҳёи онҳо дар шароити мураккаби ҷомеаи муосир санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, барномаву конспесияҳои давлатӣ қабул гардида, дар амалишавии ҳадафҳои пешгузоштаи давлату ҳукумат таъсири мусбат расониданд. Дар доираи иқдомҳои наҷиби пешгузошта дар деҳаву ноҳия ва шаҳрҳои кишварамон садҳо марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ таъсис ёфтанд, ки дар онҳо ҳазорон нафар сокинони кишвар ба омӯзиши нозукиҳои касбҳои гуногун машғул шуда, ба ин васила рӯзгори худро имрӯз пеш мебаранд.
Дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ бисёре аз касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки аз қаъри таърих ва ниёгони ҳунармандамон ба мерос монда буд, бо сабабу омилҳои гуногун аз байн рафтанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо душман барои аз байн бурдани миллату давлат кўшиши маҳв намудани фарҳангу забонро мекунад, ки ин бесабаб нест. Масъалаи мазкурро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари баромадҳои худ, аз ҷумла дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё