Нигоҳи чашму дил

Минбаъд барои мактаббачагони хурдсол натанҳо меҳнат кардан, натиҷа, маҳсули моддӣ ба даст овардан, балки инкишофи равонӣ, аз ҷумла, пайдо шудану тарбия ёфтани завқи эстетикӣ, ҳисси зебопарастӣ дастоварди хеле муҳим ба шумор меравад. Яъне, онҳо меҳнат мекунанд ва ҳам зебоӣ меофаранд”. Дарвоқеъ, барои инкишофи донишу ҷаҳонбинии ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон ва дар умум инсоният омилҳои гуногуне, амсоли мушоҳидаву омӯзиш ва меҳнату эҷод муҳиманд, ки ба шакл гирифтани шахсияти фаъолу созанда замина фароҳам меоваранд.
Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо баҳри омӯхтани нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла санъати тасвирӣ, кандакорӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, наққошӣ, зардӯзиву гулдўзӣ, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, чӯбкорӣ ва ғайра аз ҷониби давлат ва ҳукумат шароити мусоид фароҳам оварда шуда, сокинони зиёде ин ҳунарҳоро омӯхтаву дар рӯзгор васеъ истифода мекунанд.
Ҳунарҳои зикршуда таърихи хеле қадима дошта, ниёгонамон бо офаридани намунаҳои беҳтарин дар таърихи инсоният худро ҳамчун миллати ҳунарманд муаррифӣ кардаанд.
Яке аз ҳунарҳои қадимаи миллӣ, ки халқи тоҷик ба он таваҷҷуҳ дошту дорад, санъати тасвирӣ ба ҳисоб меравад.
Беҳтарин намунаҳои санъати тасвириро ниёгонамон, аз ҷумла Абуляҳё Ҷунайди Султонӣ, Султонмуҳаммади Табрезӣ, Сайидғиёси Самарқандӣ, Мираки Наққош, Камолиддини Беҳзод, Абдуллоҳи Мусаввир, Ризо Аббосӣ ва чанде дигарон офаридаанд. Замони мавҷудияти давлати абарқудрати Шуравӣ ва баъди соҳибистиқлолии кишвар ҳунари рассомию тасвиргароӣ низ ба таври бесобиқа рушду инкишофи ҳамаҷониба ёфта, беҳтарин ҳунармандони тоҷик, бахусус А.
Умаров, В. Назаров, П. Гулов, М. Бекназаров, Т. Самандаров, С. Шарипов, А. Миршакар, А. Хошмуҳаммадов, Х. Хушвахтов ва чанде дигарон ба майдони ҳунар омаданд, ки намунаҳои олии санъати тасвирӣ офариданд, ки онҳо аз ҷониби муҳаққиқону мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё