Нигоҳи чашму дил

Дар маркази таваҷҷуҳи ҳар эҷодкор, бахусус рассомону тасвиргарони касбӣ муҳити атроф ва ҷузъҳои ҳаёти инсонӣ қарор дорад. Дар ин маврид муҳаққиқи соҳа Б. Бойназаров зикр доштаанд: “Дар асар инсон дар маркази диққат меистад. Ӯ ба тамоми ҳастии деҳа таваҷҷуҳ дорад ва ин макон ба зебоияш ба инсон тааллуқ дорад. Ин зиндагониро бо ҷилои рангҳо таровати зиндагии ҳақиқиро падидор мекунад. Рассом як гӯшаи диёр, манзараҳои такрорнашавандаи онро тавре бо қалам додааст, ки ба кас бештар азизу муътабар мешавад”. Фарҳанг, бахусус санъати тасвирӣ, дирӯзро бо имрӯз ва имрӯзро бо фардо пайванд мекунад. Маҳз тавассути осори санъату ҳунар ба ҳар давраи таърихӣ, вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳо дода мешавад.
Омӯзиши нозукиҳои касбу ҳунарҳои мардумӣ омили муҳимми мусоидаткунандаи рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаи муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хеш фарҳангу санъатро пеш гузошта, инъикоси воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва идомаи кори бунёдкориву созандагиро ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат анҷом дода истодааст.
Зикр намудан зарур аст, ки санъати тасвирӣ олитарин навъи ҳунар буда, дар баробари фароғат бахшидан ба бинанда ҷаҳони маънавияшро бой мегардонад. Рассом бо диду тахайюли бою рангини худ розҳоеро ифшо мекунад, ки ба дарки онҳо расидан маҳорату ҷаҳонбинии хоссаеро тақозо мекунад.
Метавон гуфт, ки маҳз тавассути маҳсули меҳнати рассом мо ба паҳлуҳои зиёди масъалаи мавриди назару тасвир сарфаҳм меравем. Санъати тасвирӣ чун дигар ҳунарҳои мардумӣ методу усулҳои хоси худро дорад, ки риояи онҳо аз эҷодкор тақозо карда мешавад. Донишҳои назариву амалии ҳосилшуда тавассути амали рассом рӯйи асари офаридааш тасвир меёбанд, ки он ба чигунагии муносибати муаллифи он вобастагӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё