Нигоҳи чашму дил

Тазаккур бояд дод, ки ҳамаи инсонҳо дорои қобилияту донишу ҷаҳонбинии хоссае ҳастанд. Аммо бо мурури замон ва таъсирпазирии биологӣ ва муҳити атроф ба ин ё он касбу ҳунаре майлу хоҳиш пайдо мешавад. Ҳамин дилбастагӣ ба касб моро дар давоми умр ҳамроҳӣ мекунанд. Маҳз тавассути ин ҳунар мо ба комёбиҳо ноил гардида, дар ҷомеа соҳибэҳтиром мегардем.
Санъати тасвирӣ низ дорои чунин ҷозибаест, ки бисёр нафаронро ба худ ҷалб мекунад. Дар давраи кӯдакӣ ва наврасӣ бештар меҳри санъати тасвирӣ дар қалби ҳар фард ҷой мегирад, ки ин албатта сабабу омилҳои зиёде доранд. Яке аз омилҳои асосии ин меҳр шинохту фаҳми худро нисбати муҳити атроф баён кардан мебошад. Дар аввал зиёд кӯдакон ашёи атрофро, ки бисёр мебинанду дар зеҳнашон сабт ёфтааст, тасвир менамоянд.
Таҳкими маҳорату малакаи санъати тасвирӣ дар замири кӯдакону наврасон ва умуман одамон василаест, ки ба рушди донишу ҷаҳонбинӣ ва дарки муҳити атроф мусоидат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё