Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

рихи хаёти онҳо ба вуҷуд омада, инкишоф меёбад. Ба гуфти
А. М. Горький «фольклор аз давраҳои хеле қадим ба таври ҷудонашаванда ва махсус ҳамқадами таърих мебошад».1

Фольклор яке аз қисматҳои гаронбаҳои маданияти миллии ҳар як халқ аст. Беҳтарин сурудҳо, афсонаҳо, зарбулмасалу чистонҳо, латифаю рубоиёт ва ғайра, ки аз тарафи садҳо ҳазор гӯяндагон ва шунавандагон дар давоми асрҳои аср писандида шудаанд, завқи бадеӣ, идеал, орзу, кӯшиш, ахлоқ ва рӯҳияи эҷодкунандаи онҳо — халқро барҷаста ифода менамоянд. Дар ин гуна асарҳои фольклорӣ дар баробари хусусияти миллии ин ё он халқ, хусусиятҳои умумиинсонӣ, интернатсионалӣ низ инъикос шудаанд.

Ҳар касе, ки афсонаҳо, достонҳо, сурудҳо, зарбулмасалҳо ва латифаҳои халқҳои дигарро мутолиа кардааст, пай набурда наметавонад, ки дар онҳо дар баробари обуранги миллӣ ва хусусиятҳои хосашон, ки ба ин ё он халқ мансубанд, сюжет ва ғояҳои ба ҳамдигар хеле монанд низ дучор мешаванд. Масалан, дар фольклори ҳамаи халқҳо афсонае дар бораи духтари ӯгай, зулми модарандар ва бо ёрии сеҳру мӯъҷиза озоду хушбахт гардонидани духтари ӯгай хеле маъмул аст. Ин афсонаҳо, агар аз ҷиҳати сюжет ва приёмҳои адабии сеҳрангез каму беш монандӣ дошта бошанд, аз ҷиҳати ғоя, ақидаи инсондӯстӣ, тантанаи адолат ва ҳақиқат ҳамаи онҳо дар як мавқеъ қарор гирифтаанд.
Ин навъ монандиро дар тасвири предметҳои мӯъҷизавию сеҳрнок, аз қабили дастархон, тӯҳнок, нигин, асо ва ғайра низ мушоҳида мекунем. Мақсаду ғояи истифода ва амалиёти предметҳои мазкур низ ак аст.

Аз тадқиқоти илмии муқоисавии сюжетҳои афсонаҳои халқҳои Европа хулосае бароварда шудааст, ки аз се ду ҳиссаи сюжетҳои афсонаҳои русӣ дар байни афсонаҳои халқҳои дигар
муродиф доранд. Як қисми боқимонда, ки бемуродифанд, афсонаҳои маишӣ ва ҳаҷвӣ мебошанд. Ин афсонаҳо баръакси афсонаҳои тилисмотию сеҳромез ва афсона — масалҳо чандон анъанавӣ ва машҳур нестанд. Ягонагӣ ва монандӣи асарҳои халқӣ
дар мазмун ва мавзӯъҳои онҳо низ мушоҳида мешавад. Ин ҳолатро дар сурудҳо, латифаҳо ва зарбулмасалу мақолҳо ҳам пай
бурдан мумкин аст. Ягонагӣ ва монандӣи мавзӯъ, мазмун, сюжет ва образҳои предметӣ, пеш аз ҳама, ба қонунҳои умумии
просесси ягонаи таърихию иҷтимоии инкишофи ҷамъияти инсонӣ вобаста аст. Пояҳои тараққиёти якхелаи қувваҳои истеҳсолкунанда муносибатҳои иҷтимоии ҳамрангро ба вуҷуд меоваранд,
ки дар натиҷа шакл ва намудҳои ба ҳамдигар монанди идеологӣ,
эҷодиёти бадеӣ, аз он ҷумла, фолклор пайдо мешавад. Ба ғайр
аз ин фолклоршиносии советӣ инкор намекунад, ки монандӣ ва
ягонагии сюжет, мазмун, мавзӯъ ва образҳо дар натиҷаи таърихан ба ҳамдигар наздик будани халқҳо, нигоҳ доштани мероси

1 М. Горький. О литературе, стр. 703.

пешина
аз 295
навбатӣ