Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

фольклори аҷдодони умумии қадимӣ рӯй додааст. Дар баробари ин факти дигар низ ба назар гирифта мешавад. Ин факт натиҷаи аз замонҳои қадим ба ҳамдигар робитаҳои маданӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ғайра доштани халқҳо аст. Ин ҳодиса инчунин ба сабаби даҳанакӣ ва ба воситаи адабиёти китобӣ гузаштани осори мадании як халқ ба халқи дигар ба амал меояд.

Аммо масъалаи монандӣ ва ягонагӣ дар фольклори халқҳо масъалаи хеле мураккаб буда, ҳалли он танҳо дар он сурат мумкин мегардад, ки агар ҳар як факт ба таври ҷудогона ба назар гирифта шуда, шароитҳои таърихии тараққиёти халқҳо ба таври конкретӣ аз назар гузаронида шаванд, хусусияти муносибату робитаҳои халқҳо ва таърихи жанрҳои ҷудогона таъин шавад.

Хусусиятҳои миллии эҷодиёти бадеии даҳанакии халқи тоҷикро бе вобастагии таърихӣ бо халқҳои дигар ва фольклори он халқҳо муайян кардан мумкин намешавад. Маданияти халқи тоҷик, ҳатто дар пояҳои аввалини инкишофи худ аз маданияти халқҳои дигар тамоман ҷудо ва кандашуда набуд. Танҳо дар натиҷаи омӯзиши муқоисавии ҳодисаҳои фольклорӣ протсесси ташаккули анъанаҳои миллиро ҳам дар мундариҷа ва ҳам дар шакл таъин кардан мумкин аст.

Фольклори тоҷик ва фольклори халқҳои дигар. Халқи тоҷик бо бисьёр халқҳои ҳамсоя муносибатҳои таърихӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ-иҷтимоӣ дошт. Фольклори тоҷик махсусан бо фольклори ӯзбек хеле наздик аст. Жанрҳои афсона, латифа, зарбулмасал, ашула дар фольклори ин халқҳои бародар аз ҷиҳати мазмун, сюжет, образ басе монандиҳо доранд. Таъсири байниҳамдигарии фольклори тоҷик, ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз, озарбойҷон низ бузург аст. Ин гуна таъсир махсусан дар замони советӣ, ки дӯстии халқҳо дар заминаи барпо гардидани давлати ягонаи социалистӣ гул-гул шукуфта, мустаҳкам гардид, боз ҳам ривоҷу равнақ ёфт. Ҳоло халқи тоҷик на фақат бо роҳи даҳанакӣ, балки инчунин бо роҳи нашриёту матбуот фольклори халқҳои СССР-ро истифода мебарад.

Фольклори тоҷик бо фольклори халқҳои Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон низ алоқаи зич дорад. Аз ҷиҳати жанрҳо, образҳо, сюжетҳо ва ҳатто воситаҳои бадеии тасвир дар фольклори ин халқҳо ягонагӣ ва умумият дида мешавад. Як қисми калони суруд, рубоӣ, бадеҳа, зарбулмасал, чистон, афсона ва латифаҳои тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ варианти якдигаранд. Ин навъ ягонагӣ ва наздикӣ бо таърихи гузаштаи ин халқҳо ва муносибатҳои маданӣ, иқтисодӣ ва сиёсии онҳо дар замонҳои собиқ вобаста мебошад.

Фольклори советии тоҷик бошад дар эҷодиёти фольклории халқҳои советӣ ҷои махсусро ишғол намуда, дар натиҷаи таъсири эҷодии байниҳамдигарии халқҳои СССР равнақ ёфта истодааст.

пешина
аз 295
навбатӣ