Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
халқ дар бораи ҳодисаҳои ҷамъиятии ҳаёт ва амалиёти таърихии ашхоси ҷудогона конкретар ва реалитар инъикос меёбад. Қисме аз қаҳрамонони сурудҳои таърихӣ сардори шӯришҳои халқианд, одамонеанд, ки дар роҳи мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти халқ ҷони худро фидо кардаанд. Халқ мувофиқи одати худ дар бораи сардори муборизони зидди Искандари Македонӣ, дар бораи Муқаннаъ, Темурмалик ва бисёр баҳодурони дигар яқинан суруд эҷод кардааст, ки мутаассифона гузашти рӯзгор ин гуна осори пуркиматро аз байн бурдааст. Меросе, ки аз сурудҳои таърихӣ ба мо расидааст, чанд намунаи сурудҳои оиди «Шӯриши Восеъ», «Шӯриши Қаландар», «Шӯриши Усмон» ва амсоли инҳо мебошанд, ки таърихи пайдоиши онҳо ба давраҳои нисбатан хеле наздик, ба охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX рост меояд.
Дар эҷодиёти даҳоникии халқи тоҷик, хусусан, дар байни асарҳои манзуми он суруди «Шӯриши Восеъ» мавқеи махсус дорад. Гуфтан мумкин аст, ки суруди «Шӯриши Восеъ» ягона суруди нисбатан мукаммали таърихӣ дар фолклори тоҷик мебошад. Ин суруд аз 318 мисраъ ва ё аз 100 банди семисраъгию чормисраъгӣ, ки ҳар кадом дорои мазмуни томе буда, бо ғояи умумии суруд комилан мутобиқат мекунад, таркиб ёфтааст.
Суруди «Шӯриши Восеъ» асарест, ки дар бораи яке аз калонтарин шӯришҳои деҳқонон, ки соли 1885 дар ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг бо сардории Восеъ ба амал омада буд, гуфта шудааст. Ин суруд, ки асосан дар байни мардуми маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон маъмул аст, на фақат талафоту қурбониҳои халқро тасвир менамояд, балки қаҳрамониҳои онро дар мубориза ба муқобили ҷабру зулми ҳокимон ва амалдорон низ нишон медиҳад. Суруди мазкур бо бандҳои зерин, ки дар онҳо мардуми мискину бечораро ҷазиру хонахароб ва ба хоку хун оғӯшта сохтани золимон акс гардидааст, оғоз меёбад:
Ай ҷабру зулми мирон,
Гардида мулк вайрон,
Ҷазир гаштааст фақирон.
Чӣ шӯр аст ин дар майдон,
Ай, қир шудан фақирон,
Дайро шуд хун чу тӯфон.
Чӣ тӯфон аст имрӯзо!
Даргирифт кӯҳу саҳро,
Офтоб наздики моҳо.
Имрӯз ачаб ҳангома аст,
Модар зору гирёнаст,
Фақиро сари санг онаяст.
Дуруст аст, ки суруди «Шӯриши Восеъ» ҳамаи процессу ҳодисаҳои шӯриши деҳқононро пурра тасвир намекунад ва он ба ин воқеаи бузурги иҷтимоӣ баҳои лозимӣ дода наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё