Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале суруд баъзе лаҳзаҳо ва фактҳои таърихиро акс намуда, дар бораи ҳаракати озодихоҳӣ ва муборизаи халқи заҳматкаш ба муқобили зулму истисмор материали пурқимат медиҳад, ки аҳамияти он ҳам бештар дар ҳамин бобат зоҳир мегардад.

Дар суруди «Шӯриши Восеъ» асосан се гурӯҳ одамон тасвир ёфтаанд: гурӯҳи якум — Восеъ, наздикону хешовандони Восеъ ва деҳқонони камбағали шӯришгар; гурӯҳи дуюм — хоинони шӯриш, аз қабили Акрам ва Маликшоҳ; гурӯҳи сеюм — истисморгарони золим, намояндагони синфи ҳокими замони аморати Бухоро — амир, бек, қозӣ, амлокдор, кушбеҳӣ ва амсоли инҳо. Агар гурӯҳи якуми одамон дар суруд ба сифати персонажҳои мусбат тасвир ёфта, бо рафтору кирдорашон таваҷҷӯҳи халқро нисбат ба худ ҷалб намоянд, одамони гурӯҳи дуюм ва сеюм ҳамчун персонажҳои манфӣ ҳамеша ҳадафи нафрату адоват ва лаънати мардум қарор мегиранд. Дар суруд, хусусан, нисбат ба одамони гурӯҳи сеюм бисёр лаънат хонда мешавад, ки ин ба хислату характери худи онҳо алоқаманд аст.

Дар суруди «Шӯриши Восеъ» қаҳрамони асосӣ Восеъ аст, ки халқ дар бораи қаҳрамонию фидокориҳои ӯ бо ҳиссиёти баланди хайрхоҳӣ сухан меронад. Таърифу тавсифи Восеъ далели он аст, ки деҳқонони зулмдидаю бадодомада дар симои Восеъ ҳомию мададгори худро мебинанд ва нисбат ба ӯ ҳамчун қаҳрамони маҳбуби худ муҳаббат ва эҳтироми бепоён доранд. Онҳо ба воситаи ин суруд корнамоиҳои беназири Восеъро тараннум карда, барои зиндаю ҷовидон мондани образи дурахшони ин марди шуҷоъ ва фарзанди бовафои халқ ҳиссаи арзандае гузоштаанд. Н. А. Маъсумӣ дар бораи Восеъ сухан ронда, тамоман дуруст гуфтааст: «Фидокори халқ Восеъ гарчӣ бо лашкари худ мақсади озодихоҳии худро то охир иҷро карда натавониста, ба ҷанголи хунини ҳокими Балҷувон ва ба ҳукми қатли амир гирифтор гардид, вале ҷонбозиҳои вай дар роҳи мубориза, дар роҳи озодӣ ба ҳадар нарафт. Образи қаҳрамон — ватандӯсти халқ дар байни мардум зинда ва абадӣ монд. Восеъ — символи қаҳрамони барои шӯришҳои баъдина шуда монд. Хотираи абадии ӯ дар адабиёти даҳанакӣ чунон зинда ва ҳаяҷоннок тасвир ёфтааст, ки вай хуни ҳар хонанда ва шунавандаи суруди мазкурро (яъне суруди «Шӯриши Восеъ»-ро) ба ҷӯшу хурӯш меоварад ва нафрати ӯро нисбат ба амир ва ҳокимони вай ва умуман нисбат ба душманони озодии халқ зиёд мекунад»1.

Воқеан, дар бандҳои суруд образи Восеъ қисм-қисм тасвир меёбад. Вале вақте ки кас сурудро яклухт тасаввур мекунад, дар пеши назари ӯ Восеъ як шахси паҳлавон, далер, адолатҷӯ, ҳақиқатталаб, халқпарвар, нисбат ба истисморгарон бераҳму пурадоват намоён мегардад, ки инъикоси баъзеи ин хислатҳои ӯ дар бандҳои зерин ба осонӣ пай бурдан мумкин аст:

1 Н. Маъсумӣ. Фольклори тоҷик, саҳ. 78.

пешина
аз 295
навбатӣ