Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Тағои Восеъ қадирдон,
Нола мекуна: «Во балом,
Во балому во балом!»
Баъзе бандҳои суруд аз забони духтари Восеъ — Гулӣзор гуфта шудаанд, ки низ ғамангезу дилҳарош буда, на фақат сӯзу гудози дили гӯяндаи сурудро баён мекунанд, балки нафрату адовати ӯро нисбат ба золимону ситампешагон ифода месозанд:
Отама бурдан Бухор,
Пӯшондан ҷомаи гулдор,
Кашидануш суни дор,
Вой алами Гулӣзор.
Махрум мондум ай падар,
Ибрат шава ба дигар,
Дод ай дасти ситамгар,
Вой алами Гулӣзор.
Бояд гуфт, ки аксарияти гӯяндагони суруди «Шӯриши Восеъ» онҳое буданд, ки дар як вақт бо Восеъ умр ба сар бурда, ӯро аз наздик мешинохтанд ва онҳо, бешубҳа, шӯриши бо сардории Восеъ ба амаломадаро бо чашми худ дидаанд. Яқин аст, ки ин гуна шоҳиди воқеа будан ва роҳбари шӯрифро аз наздик шинохтани гӯяндагони халқӣ боиси бештар характери реалистӣ пайдо кардани тасвиру тавсифи шахсияту амалиёти Восеъ гардидааст.
Образи Восеъ дар эҷодиёти гӯяндагони халқӣ ва шоиру нависандагони тоҷик низ инъикос шудааст. Абдурауф Фитрат ҳанӯз дар охири солҳои бистум «Шӯриши Восеъ» ном пьесае навиштааст. Дар соли 1940 Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ либреттои «Шӯриши Восеъ»-ро эҷод кардаанд, ки аз рӯи он нахустин операи миллии тоҷик ба вуҷуд оварда шуда буд. Гӯяндаи халқӣ Бобо Юнус Худойдодзода «Достони Восеъ»
ном асаре низ эҷод кардааст. Романи нависанда Сотим Улуғзода «Восеъ» образи пешвои шӯриши деҳқононро хеле васеъ ва барҷаста нишон медиҳад ва асари мазкур бо вуҷуди дар асоси материалҳои таърихӣ таълиф шуданаш ҳамчун асари бадеӣ дорои ҷамъбастҳои бадеӣ мебошад.
Суруде, ки бо унвони «Шӯриши Қаландар» машҳур аст, бо амалиёту муборизаи Қаландаршоҳ ном марди камбағал, ки ба шӯриши дар тобистони соли 1916 дар амлокдории Қалъаи Лаби Оби Қаротегин ташкилшудаи деҳқонон роҳбарӣ кардааст, алоқаманд мебошад.
Суруди «Шӯриши Қаландар» бо чанд хусусияти худ ба жанри суруди таърихӣ наздик аст. Дар вай ҳақиқати таърихӣ, далелу асосҳои воқеияти шӯриш инъикос гардидааст. Вале дар
суруд на ҳамаи воқеаҳои шӯриш, балки танҳо чанд лаҳзаи муҳимми он, монанди: аз номи деҳқонони камбағал ташкил кардани ариза, муттаҳид намудани камбағалон барои мубориза

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё