Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Восеъ марди майдонай,
Замину замон ларзонай,
Беку қозӣ ҳайронай.

Восеъ даромад дар майдон,
Монанди шери биёбон,
Хонаи мира карда вайрон.

Восеъ сари сангонай,
Пои аспуш лангонай,
Худуш марди майдонай.

Ҳатто дар тасвири портрети Восеъ меҳру эҳтироми нисбат ба ӯ доштаи халқ ва аз тарафи мардум ҳамчун қаҳрамони пуршуҷоату далер шинохта шудани вай ҳис карда мешавад:

Восеъ буд сабзинарӯ,
Одами калони чорпаҳлӯ,
Сарбозора зад ҳарсӯ,
Халқо Восеъра кард орзу.

Дар суруд ҷо-ҷо аз забони Восеъ сухан ронда мешавад, ки аз он мақсаду мароми Восеъ ва моҳияти шӯриши ташкил кардаи ӯ ба хубӣ маълум шуда меистад:

Восеъ мега: «Ма мерум,
Мулло Назир вазирум,
Балҷувона мегирум».

Мақсади мо на мирӣ,
Маломату накунӣ!
Эй халқ, чува мехоҳӣ?

Дар суруд як қатор бандҳо ҳастанд, ки онҳо дар хусуси кушта шудани Восеъ нақл мекунанд. Ин гуна бандҳо бо оҳанги марсия эҷод шуда, зимнан дарду ҳасрати ёрому бародарони мархум ва мусибату азодории аҳли оилаи ӯро ифодаю инъикос менамоянд ва дар айни замон барои равшантар ва барҷастатар гардидани образи Восеъ ёрӣ мерасонанд:

Восеъра куштан ба ресмон,
Бутарсид ёшу ҷавон,
Дод аз дасти золимон.

Восеъро куштан ба доре,
Дар вақти гули шолӣ,
Ҳай ворӣ, ворӣ, ворӣ.

Гулъизор монда ҳайрон,
Кӯзачаш сари сангон,
Хун мегурҷя чу борон.

Дарвозаи Восеъ тутай,
Имшав Восеъ нобутай,
Куртаи зануш кабутай.

пешина
аз 295
навбатӣ