Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Халқо ҳам қалъаи мира карданд тала,
Аз Ботур мондаст як писар Саидхӯҷа.
Хонимпошо, зани хурдии Ботурхӯҷа,
Мондаст бо як писар дар кӯча.
Ботурхӯҷаро бо алда бурд Насруллоҳ,
Бо меҳмонӣ туфта куштаи ӯро.
Ботурхӯҷа зираку ҳам қотил буд,
Аз дастаи чағулҳо ғофил буд!
Ботурхӯҷа дар Масчо золим шуд,
Дар зангириву одамкушӣ қотил буд.
Аз ваҳми ҳамон Ботури бадкирдор,
Меларзиданд калону хурду сардор.
Ба қатл расонд омиву ҳам эшона,
Савдогару пайдогару ҳам корвона.
Бо зӯрӣ гирифт занони хушқоматака,
Бошавҳару бешавҳару ҳам духтарака...
Суруди дигаре, ки дар бораи золимию бедодгариҳои сардори волости (волостной) Мастчоҳ Юсуф тоғчӣ гуфта шудааст, «Воқеаи солҳои 1901—1902» мебошад. Воқеае, ки дар ин солҳо рӯй додааст, дар хотири мардуми Мастчоҳ солҳои зиёд ҳамчун даҳшати зулму истисмор, хонавайронию қашшоқии деҳқонони камбағалу бенаво фаромӯш нашудааст ва дар эҷодиёти халқ инъикос ёфтааст.
Мардуми қишлоқи Роғ ба зулму истисмор, тороҷгарию беадолатии аз ҳад зиёди волостной Юсуф тоғчӣ дигар тоқат карда натавониста, норозигию эътирози сахт баён мекунанд ва оқибати кор ба задухӯрд анҷом меёбад. Юсуф тоғчӣ бо одамони худ маҷбур шуда мегурезад ва баъди чанд вақт аз Самарқанд отряди солдатҳои казакро оварда, дар хирманҷои қишлоқи Роғ молу анҷоми деҳқононро ҷамъ карда оташ мезанад, зану мард, чил нафарро ба ҳабс мегирад, вале мардуми Мастчоҳ муборизаро давом медиҳанд. Губернатори Самарқанд аз шӯру балвои мардум, ки торафт вусъат меёфт, андешида, дар қишлоқи Оббурдон мурофиаи суд ташкил медиҳад ва чил нафар деҳқонро озод мекунад, Юсуф тоғчӣ бошад аз вазифааш бекор карда мешавад.
Ин воқеаи таърихии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми Мастчоҳ низ дар фольклори ин диёр акс ёфтааст:
Омад волостной бавак,
Говҳо мекарданд давак.
Кунед говҳоро пинҳон,
Дар зери сангу чарак.
Волус ба қишлоқ омад,
Андозу хироҷ омад,
Улпон гуфту хироҷ гуфт,
Гӯё ба халқ бало омад.
1 Чағулҳо — хабаркашонаш.
2 Бавак — ишкамкалон.
3 Волус — волостной.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё