Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Омад волуси Ҳуррӣ1
Ба халқҳо кард ӯ зӯрӣ,
Молу говҳо пинҳон буд,
— Намедиҳем ба зӯрӣ!

Волуси ҷаҳли бадгир,
Чил нафарро кард асир,
Не зан монду на марди пир,
Мехост кунад халқро қир.

Аз ҳоми гову пӯстак
Ҷамъ оварданд як ғанак,
Аз пои мардум кашид
Чоруку кавшу патак.

Алов монда хирманҳо,
Дуди алов дар ҳаво,
Солдат-қазоқҳои бад
Пӯшок бӯру чашм ало.

Мардум гирист зору зор:
— Моро мекушад мурдор,
Раҳм нест дар ин бадкирдор,
Ба доди мо рас, ҷаббор!

Мардумро бурд Самарқанд,
Губурнотур кард дар банд,
Аз сесад хонавода
Чил нафар шуданд дар банд.

Шаш моҳ мардум дар банд буд,
Махзум2 дар таку дав буд.
Марду занон дар ғурбат,
Дар дил кину алам буд.

Охир чил кас озод шуд,
Ҳуррипучук бекор шуд.
Махзум оқибат зӯр шуд,
Чил нафар ҳам дилпур шуд.

ЯК силсила сурудҳои таърихӣ дар мавзӯи ҷанги гражданӣ, муборизаи халқи меҳнаткаш ва Аскарони Сурхи коргару деҳқон ба муқобили босмачиён эҷод карда шудаанд. Яке аз онҳо «Ҳуҷум бар зидди босмачиён дар соли 1923», дигаре «Очилпонсади бадкор» мебошад. Дар ин сурудҳо ваҳшоният, тороҷгарӣ ва бадкирдориҳои босмачиён ва кӯрбошиҳои онҳо: Холбӯта, Эргаш, Тӯраи Аҳмадхон, Ахрорхон (Қутбиддин), Очилпонсад, Фузайл-махсум ва ғайраҳо тасвир шудаанд.

Дар сурудҳои мазкур факти таърихие, ки деҳқонони тоҷик дар торумор кардани босмачиён ба Аскарони Сурх ёрӣ амалӣ расонда, барои мустаҳкаму пойдор намудани Ҳокимияти Советӣ мубориза мебурданд, равшан баён мешавад. Ин сурудҳо

1 Ҳуррӣ — лақаби волостной Юсуф.
2 Махсум — лақаби Мулломирсафо аст, ки ӯ барои озод кардани чил нафар маҳбусон мубориза бурдааст.

пешина
аз 295
навбатӣ