Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Ин гуногунӣ ба он мавқее, ки нақарот дар суруд дорад, ба он вазифае, ки он дар суруд иҷро мекунад, алоқаманд аст. В. М. Сидельников қайд мекунад, ки дар замонҳои қадим, вақте ки бисёр сурудҳо аз нидои хитоби такроръёбанда иборат буданд, нақарот дар айни замон вазифаи матнро ҳам адо менамуд. Минбаъд, бо мурури инкишофи матни суруд, нақарот шакли махсусро соҳиб шуда, дар суруд чӣ аз ҷиҳати маъно ва чӣ аз ҷиҳати вазн хизмати муҳиммеро ба зимма мегирад1.

Шакли қадимии нақарот, ки аз маҷмӯи такроръёбандаи нидоҳо ва ё калимаҳои якхела иборат аст, инчунин дар сурудҳои маросимӣ боқӣ мондааст. Чунончӣ, сурудҳои мотам аз рубоиҳо ва порчаҳои машҳури шеърӣ: байт, қитъа, дубайтиҳои маъмул тартиб меёбанд. Нақарот дар онҳо дар шакли нидоҳо ва калимаҳои ҷудогона, монандӣ:

Хей, хей, хей-хей-хей,
Ой, ой, ой-ой-ой-ой.

Ё ки:

Гулумой, гулумой, гулумой,
Воҳ балам, воҳ балам, воҳ балам,

омада, шиддати ғаму андӯҳро равшан ва ҳаяҷонбахш акс менамояд.

Тадқиқотчиёни лирикаи халқии рус нақаротҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд:

  1. Нақаротҳое, ки бо мундариҷаи суруд алоқаи мантиқӣ надошта, барои ороиши суруд ва қувват додани таъсири он ба ҳиссиёти одамӣ хизмат мекунанд; 2. Нақаротҳое, ки як ҷузъи суруд буда, бо матн шаклан ва мазмунан алоқаи узвӣ доранд.

Нақаротҳои навъи якум нақаротҳои хориҷӣ ва навъи дуюм дохилӣ ном гирифтааст. Як қисми муҳими нақаротҳои навъи аввалро нақаротҳои сайёр ташкил медиҳанд, ки дар назми халқии тоҷик мавқеи алоҳида доранд. Мана чанд намунаи онҳо:

Бозӣ куну бозӣ кун,
Навданиҳол, бозӣ кун.
Ҳимчамиён, бозӣ кун,
Пештар биё, бозӣ кун.

Дилбар, ба хобай имшаб,
Масти шаробай имшаб.
Аз бари ту, ҷонона,
Ҷигаркабобай имшаб.

Эй духтари оҳангар,
Ҷон саъбаи бозингар.
Духтари оҳангара бин,
Саъбаи бозингара бин.

  1. Ниг.: В. М. Сидельников. Поэтика русской народной лирики, М., 1959, стр. 51.
пешина
аз 295
навбатӣ