Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Усмаш намехоҳам,
Намехоҳам, намехоҳам.
Ёри ҷон нозанин,
Ёри ҷон, гул бичин.
Ин нақаротҳо ва умуман бисёри нақаротҳои хориҷӣ бо матн, чунон ки гуфтем, асосан, робитаи зоҳирӣ дошта, дар вусъати мазмуни ғояҳои суруд мавқеи хосе надоранд. Сурудҳое ҳам ҳастанд, ки ҳатто байни матну нақарот аз ҷиҳати мазмун ихтилоф ва ночаспоние ба назар мерасад. Чунончӣ «Додаракам» аз рӯи нақарот сурудест дар бораи меҳри хоҳару додар:
Ҷон додаракам, оҳ дилу ҷон, додаракам,
Сандукчаи сими заргарон, додаракам.
Вале матни он аз рубоиҳое иборат аст, ки ишқи ҷавонони дилбохтаро изҳор мекунанд. Ин аст яке аз он рубоиҳо:
Ту себи ману соя ба боғи дигарӣ,
Ту шамъи ману нури чароғи дигарӣ.
Ғамгин манаму ту ғамгусори дигарӣ,
Ман аз паи ту, ту дар суроғи дигарӣ.
Нақароти дохилӣ низ метавонад аз такрори мухотабҳо, нидоҳо, калимаҳои ҳамвазну ҳамқофия, садоҳои ҳамранг иборат бошад, вале он мазмунан бо матн вобаста шуда, пеш аз ҳама, барои такмили мазмуни матн хизмат мекунад. Барои мисол яке аз сурудҳои шӯхи халқиро аз назар мегузаронем, ки бо номи «Харак» машҳур аст. Дар суруд дар таркиби ҳар банд танҳо як калима (тавсиф) тағйир меёбад:
Кошки харакам мешуд,
Порубаракам мешуд.
Нақарот
... Қошке харакам мешуд,
Кули намакам мешуд.
Нақарот
Кошке харакам мешуд,
Хошуккашакам мешуд.
Нақарот
... Кошке харакам мешуд,
Соҳибдаракам мешуд.
Нақарот
Нақароти суруд аз ду мисраи дорои қофияи дохилӣ иборат аст, ки ҳар як калимаи мутобиқаш ҳамвазн буда, мақсади аслии сурудро ифода мекунад ва ба туфайли оҳанги шӯху дилчасп ва мазмуни ҳазломезаш дар суруд зарофати нарму латиферо падид меоварад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё