Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

сар то по бо радди талаб мегузарад. Хоҳиш ва матлаби ошиқонаи толибро, ки дар ду мисраи аввали ҳар як банд ба тарзи тезис оварда шудааст, матлуб дар мисраи сеюм истеҳзоқорона рад мекунад, ки ин гӯё антитезис мебошад. Дар мисраи чорум маҳбуба талаби худро пешниҳод мекунад, ки ин гӯё синтези ҳамаи он фикр шуда мемонад. Бадеҳаи мазкур сар то по ҳамин тариқа моҳирона сохта шудааст»1.

Агар калимаҳои ба тасвир хусусияти нақлӣ бахшандаи «гуфто» ва «гуфт»-ро истисно кунем, сохти ин суруд, дар воқеъ, ба бадеҳаҳо шабеҳ буда, манзараи бадеҳагӯиро пеши чашм меоварад. Аз ин нуқтаи назар ин қабил сурудҳоро «бадеҳа» ҳам номидан мумкин аст, вале дар ин ҳолат лозим мешавад, ки бисёри ғазалҳои классикони адабиётро, ки аз гуфтугӯи тарафайн тартиб ёфтаанд, аз ҷумла, ғазалҳои матни сурудҳои машҳур қарор гирифтаи Камоли Хуҷандӣ «Гуфтам ба чашм» ва «Давот нест» ва як ғазали Саҳборо, ки байти зерин матлаи он аст, бадеҳа номем:

Гуфтам: ҳама побанди ту шуд. Гуфт: шумо-чӣ?
Гуфтам: зи ғамат сӯхт дилам. Гуфт: ба мо-чӣ?

Ин ғазалҳо аз ҷиҳати сохт аз суруди «Зар бидеҳ» фарқе надоранд ва мазмунашон низ чун бадеҳаҳо шӯх буда, дар онҳо ишваҳо ва шӯхиҳои диловези маҳбуби танноз зоҳир шудааст ва чунон ки нависанда Ф. Муҳаммадиев қайд мекунад «дар баробари маънии бикри амиқ суханбозии басо латиф ва зариф... мавқеи асосиро гирифтааст». Ҳар кадоми ин ғазалҳо «фаввораи рахшони лутф муҷассамаи каломи фасеҳи зебост, ки аз он накҳати хушҳолӣ ва завқи баланд мебарояд»2.

Дар воқеъ ғазалҳои мазкур чун бадеҳаи халқ шӯхӣ ва ширинкориҳои ду дилдода, ҳаракатҳои пуршавқ ва нозу ишваҳои шӯрангези маҳбубаро ба пеши назар меоваранд, вале бо вуҷуди ин «бадеҳа» номидани ин гуна ғазалҳо ва таронаҳои диалогдор чандон мувофиқ нахоҳад буд, зеро бадеҳа асари саҳнавӣ буда, иҷрояш ҳатман иштироки ду ва ё бештар аз ду касро талаб мекунад. Инак, ғазалҳои диалогдор ва «Зар бидеҳ» барин сурудҳоро, ки нақле аз воқеаи гузашта буда, иҷрояшон ширкати якчанд нафарро асло талаб намекунад, бадеҳа ҳисобидан, дар ҳар ҳол, як масъалаи баҳсталаб аст.

Яке хусусияти дигари бадеҳа зимнан далели қадимӣ будани ин жанр шуда метавонад. Шеъру суруд дар давраҳои қадим бадеҳатан эҷод мешуд ва дар он нисбат ба дигар унсурҳои шеърӣ, алалхусус вазну қофия, оҳанг ва савту наво аҳамияти бештаре дошт.

Ин хусусият дар бадеҳаҳо, аз ҷумла, дар ҳамон бадеҳаи машҳури «Шохдухтар» мушоҳида мешавад, ки иҷрояшро ус-

1 Н. Маъсумӣ. Фолклори тоҷик, сах. 86.
2 Ф. Муҳаммадиев. Як эроди майдаяк. Журн. «Шарқи Сурх». 1962, № 8, сах. 91.

пешина
аз 295
навбатӣ