Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
тод С. Айнӣ дар романи нахустини худ «Дохунда» бо шавқи тамом тасвир карда, аз забони қаҳрамони асосии роман, ду нафар фарзандони деҳоти тоҷик Ёдгор ва Гулнор якчанд бандашро зикр намудааст ва як нусхаашро В. А. Жуковский ҳанӯз аввали ин аср чоп карда буд1.
Дар бадеҳа оғоз, инкишоф ва хатми воқеа, зуҳурот ва вусъати конфликт маҳз ба воситаи гуфтугӯ (диалог) сурат мегирад. Гуфтугӯ барои падид овардани кайфият ва ҳасби ҳоли одамӣ, шавқу мароми ӯ аҳамияти хос дорад, аз ин рӯ, пайваста суръат гирифтан ва диққатангез шудани он шарт аст, ки ба ин бо саволу ҷавоб ва ё хитобан ва бо таъкид изҳор ёфтани фикр ёрӣ мерасонад. Дар суруди лирикии маросими тӯй «Саршӯён» байни духтар ва дугонаҳои ӯ гуфтугӯ меравад. Дугонаҳо ба арӯшаванда муроҷиат карда, таъкид мекунанд, ки сар шустан, либос пӯшидан, ба рафтан тайёр шудани ӯ зарур аст. Духтар қабул намекунад. Байни талаби дугонаҳо ва раддияи духтар ихтилоф суръат мегирад:
— Гуларусак, сар бишу,
Пага ваъдай рафтанай!
— Сарма шуста, чӣ кунум,
Ношустагим бехтарай!
— Гуларусак, курта бипуш,
Пага ваъдай рафтанай!
— Куртапушӣ чӣ кунум,
Нопушиданум бетарай!
Дар ин хел конфликтҳо асари нохушӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, эътироз аз никоҳи маҷбурӣ ва монандии инҳо инъикос меёбад. Диалог дар бадеҳа барои тасвири ҳусн, хусусан ҳусни духтар, хизмати калон мекунад. Он ҷиҳатҳои гуногуни сурати маҳбубро пай дар ҳам ба ҷилва меоварад ва вобаста ба ин туғёни ҳиссу ҳаяҷони ошиқ зоҳир шудан мегирад. Дар ин қабил сурудҳо санъатҳои тасвир ба диалог тобеъ гардида, онро ҷондор, аҷиб ва таъсирбахш мекунанд.
Дар суруди «Шоҳдухтар» ҷавоби маҳбуба ба маҳбуб ҳама аз ишораву кинояҳои духӯра иборат аст. Маҳбуб ба чашми маҳбуба ишора карда, ғуломи он чашмон гардидани худро арз мекунад:
Шоҳдухтар, шакардухтар, шоҳи духтарон,
Чашмакат ба ман бинму, шавум ба ту ғулом.
Маҳбуба дар ҷавоб шабеҳи чашмонашро ном мебарад:
Чашмакам чӣ мебинӣ, ёри бадгумон,
Дар бозор сурма надидӣ? Ин ҳам милли ҳамон2.
Баъд навбат ба абрувон, рӯй, даст ва ғайраҳо мерасад, ки
1 Образцы персидского народного творчества. Собрал и перевел В. А. Жуковский. СПб, 1902, стр. 34—35.
2 С. Айнӣ. Дохунда. Куллиёт, ҷ. 2, саҳ. 134.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё