Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, пантунҳои мардуми Индонезия ва ё квазураҳои мардумони Скандинавия барин мамлакатҳое, ки аз ҳам хеле дур воқеъ шудаанд, аз ҷумлаи ҳамин хел сурудҳо мебошанд1.

То солҳои охир ин ҷузъи муҳими назми лирикии тоҷик на танҳо омӯхта намешуд, балки ҳамчун як жанри мустақил вуҷуд доштани он ҳатто эътироф нагардида буд. Гарчанде ки аз «Намунаи фолклори тоҷик» (1938) сар карда, дар ҳамаи маҷмӯаҳои фолклорӣ намунаҳои ин жанр нашр мешуданд, ҳеҷ яке аз тартибдиҳандагон ба фарқ доштани ин намунаҳо аз дигар намудҳои назм аҳамият надоданд ва ишорае накарданд. Дар як маҷмӯа онҳоро ба қисми таронаҳо, дар маҷмӯаи дуюм ба қисми сурудҳо ва дар маҷмӯаҳои сеюм ба қисми рубоиҳо дохил менамуданд ва баъзе тадқиқотчиён онҳоро «чорбайт» ҳам номидаанд.

Сабаби чун жанри махсус аз мадди эътибори нашркунандагони асарҳои фолклорӣ соқит мондани ин қабил сурудҳо, пеш аз ҳама, ба дуруст ҷамъ карда нашудани фолклори вилояти Ленинобод ва тоҷикони ноҳияҳои Ӯзбекистон вобастагӣ дошт. Солҳои 1961—1965 ба туфайли экспедисияи фолклорини Институти забон ва адабиёт аз он маҳалҳо намунаҳои фаровони ин сурудҳо ба даст омад.

Маълум шуд, ки ашӯлаҳо аз ҷиҳати бо ҳаёти мардуми шаҳр низ алоқаи зич доштани худ аз байту рубоӣ фарқ мекунанд ва ин ҳодиса ба мавзӯъ ва мундариҷаи онҳо бетаъсир намондааст. Дар гузашта дар байни аҳолии шаҳрҳо, махсусан дар байни ҷавонон шахсоне, ки якчанд ашӯла надонанд, кам дучор мешуданд. Ашӯлаҳоро ҳар кас, ҳар гаҳ, ки майл пайдо мекард, мехонд. Дар маҷрақаҳо, гаштакҳо, сӯҳбатҳои гуногун ва ҳатто дар маросими тӯй ашӯлахонӣ расм буд. Дар рӯзҳои иди Наврӯз дар идҷойҳо — дар майдонҳои сабзу хуррам духтарону ҷавонон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, давра гирифта, рақсу бозӣ мекарданд ва одатан дойра зада ашӯла мехонданд. Ашӯлаҳо аз ҷиҳати оҳанг шӯху сабук буда, барои бо савтҳои рақсӣ иҷро кардан мувофиқтарин намуди сурудҳои халқӣ ба шумор мераванд. Рӯзҳои ид духтарон гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаҳои наварӯсон рафта, баъди таому калом бо навбат ва ё якчанд нафар ҳамовоз шуда, бо оҳанги рақс ашӯла хонда, арӯсро хурсанд мекарданд, ки як қисми ашӯлаҳои онҳо навбаромад буда, тозатарин ҳодисаҳои ҳаёти шаҳр ё деҳаро акс менамуданд. Аз рӯи кор, бисёр ашӯлаҳо маҳз дар вақти сайру гашти идонаи ҷавонон бадеҳатан эҷод мегардиданд.

Духтарону занони дӯзандаву бофанд дар сари кор дар вақти дар ҷое ҷамъ шуда, ба тоқӣ ё рӯймолдӯзӣ машғул шудани худ, дар сари чархи ресмонресӣ ё дӯкони бофандагӣ низ ба ашӯлагӯй машғул мешуданд ва ба воситаи ашӯла ба ҳамдигар дарди дил мекарданд. Ашӯлаҳои зерин эҳсосоти махз

1 Ниг.: Г. Неверман. Голос Буйвола, М., 1961. стр. 12—13.

пешина
аз 295
навбатӣ