Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҳбуба дар тасвири онҳо ташбеҳҳои обдор меоварад ва ба ҳамин минвол ҳусни беназири ӯ таҷАССУМ меёбад. Дар бадеҳаҳои дигар тавсиф мавқеи хос дорад. Дар ҳар банди суруд, яъне дар сухани ҳар кадоми гуфтугӯкунандагон ягон ҷиҳати ҳусни одамӣ васф шуда, таносуби дилпазири ин сифатҳо ва таъсири онҳо ба дилу дида тасвир меёбад:

— Чашмаки ман, чашмаки ту,
Чашмаки пурхашмаки ту.
Чӣ мешавад ба сӯи ман
Ғамза кунад, чашмаки ту.
— Дастаки ман, дастаки ту,
Дастаки наврастаки ту.
Чӣ мешавад ба гарданам,
Ҳалқа шавад дастаки ту.
— Рӯяки ман, мӯяки ту,
Мӯяки хушбӯяки ту.
Чӣ мешавад ба рӯякам,
Шадда шавад мӯяки ту 1.

Чӣ навъе ки мебинем, бадеҳа таърих ва ҷиҳатҳои хоси худро дорад. Зимнан ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва мазмун, ҳам аз ҷиҳати услуб ва тарзи иҷро, онро як намуди махсуси назми халқӣ шуморидан лозим мешавад.

АДАБИЁТ

Низам Нурҷанов. Таджикский народный театр. М., 1956.
Н. Х. Нурҷанов. Развлечения и народный театр таджиков Каратегина и Дарваза. В. кн. «Искусство таджикского народа». Душанбе, 1965.
Р. Амонов. Лирикаи халқии тоҷик. Душанбе, 1958.
Бадеҳаҳои халқӣ. Тартибдиҳанда Ф. Муродов. Душанбе, 1968.

АШУЛА

Хусусияти жанрӣ ва таърихи омӯхта шудани ашӯла. Агар дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон намуди асосии сурудҳои лирикии халқӣ рубоӣ дар саргаҳи Зарафшон байт бошад, дар ноҳияҳои шимолӣ ва инчунин дар маҳалҳои тоҷикнишини вилоятҳои Фарғона, Тошканд ва Кӯқанди РСС Ӯзбекистон сурудҳое зиёд паҳн шудаанд, ки аз чор мисраи кӯтоҳ тартиб ёфта, шаклан ба машҳуртарини жанри назми даҳанакии халқии рус—частушка ва ба кӯшуқҳои ӯзбекӣ шабоҳат доранд.

Умуман ин хел сурудҳои оддие, ки бо сохт ва як қатор хусусиятҳои худ назми давраҳои қадимро ба хотир оварда, дар айни замон дар ҳамаи давраҳои минбаъдаи таърихӣ фикру ҳисси оммаро ифода карда, тадриҷан инкишоф ёфта омадаанд, дар фолклори бисёр халқҳо мушоҳида мешаванд. Ма-

1 Ҳамон асар, саҳ. 134.

пешина
аз 295
навбатӣ