Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

гирифтааст. Ҷавоне ба маҳбубааш ва ё баръакс, духтаре ба ҷавоне бевосита муроҷиат намуда, арзи муҳаббат мекунад:

Чашмони хумор, аз оби тилло мӯят,
Ошиқ шудиям ба лолаҳои рӯят.

Чашмони сиёҳи пурхуморат ба мурам,
Дандони сафеди обдорат ба мурам.

Дар байтҳо «шайдо шудан», «ошиқ шудан», «дил бастан», «дӯст доштан», «нағз дидан» барин ибораҳое, ки арзи муҳаббатро ифода мекунанд, каму беш зикр мешаванд, вале бо вуҷуди ин муҳаббат дар онҳо бештар дар зимни завқи ошиқ аз ҳусну рафтор ва кору гуфтори маъшуқ (маҳбуба) изҳор мегардад. Ошиқ ягон хислати маъшукро қайд карда мегузарад ва ё ягон ҷиҳати ҳусну рафтори ӯро васф менамояд. Завқу эҳтироси тамоме, ки дар ин қайду васф мушоҳида мегардад, аз муҳаббати гарму ҷӯшон гувоҳӣ медиҳад. Масалан, байти зеринро шунида, кас духтареро тасаввур мекунад, ки кӯзаи обро ба сар гирифта, лаби чашма ё дарё меравад. Гӯянда аввалан арз мекунад, ки кӯзаи об ба қади духтар муносиб аст. Суханони ӯ қади мавзунеро ба пеши чашм меоваранд. Оҳанги арзи ӯ дар айни замон завқу навозишро ифода менамояд. Ҳамин хел эҷодкунандаи байт аввал ба ягон ҷиҳати рафтор ва ё ҳусни маҳбуба ишора карда, ба ин муносибат ҳисси дили худ ё хоҳишу орзӯи худро изҳор карда мегузарад:

Қаддат ба муносиб дар сарат кӯзаи об,
Эй ёри азиз, пештар биё, рӯта натоб.

Маҳбуб, чунон ки дар байти зерин мебинем, себи сурхро дар гӯшаи бом даст мекунад (зоҳиран, шохи дарахти себ ба рӯи бом ҳам шуда будааст). Аз мисраи дуюми байт маълум мегардад, ки себ ин ҷо ба ду маъно омадааст: ҳам рамзи муҳаббат аст ва ҳам ташбеҳкунанда:

Дар гӯшаи бом як себи сурх даст кардам,
Сад бор ба тамошои рӯҳат қасд кардам.

Муроди гӯяндаи байт васфи ҳусни ёр аст ва ба ин восита ӯ муносибаташро ба ин ҳусн зоҳир намуда, муҳаббати худро маълум месозад. Дар байтҳои зерин ва бисёр байтҳои дигар маҳз ҳамин хусусият мушоҳида мегардад:

Ту гавҳари дарёю ман оби равон,
Қадрата худам медонам, ҷӯраи ҷун!

Дар сари шумо якта гули пайвандӣ,
Дардат за надо, ика чиба механдӣ?

Роҳ меравӣ, замин зи ту миннатдор,
Дар ҳар қадами ту мемурам се сад бор.

пешина
аз 295
навбатӣ